Нигина Амонқулова соҳиби нишони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон шуд
Дар маросими мутантане, ки ба супурдани ҷоизаи миллии «Ситораҳои Ӯзбекистони Нав» оид ба фарҳанг ва санъат дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, дар қатори меҳмонони хориҷӣ Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Нигина Амонқулова низ ширкат намуд.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Ӯсаров, сухангӯи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон, ҷоизаи миллӣ «Ситораҳои Ӯзбекистони Нав» яке аз лоиҳаҳои бонуфуз дар соҳаи фарҳанг ва санъат маҳсуб меёбад. Бори аввал барои намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон саҳм гузоштаанд, ҷорӣ гардид. Имсол дар баробари Нигина Амонқулова ҳунармандон аз Озарбойҷон ва Русия ба ин ҷоиза қадршиносӣ шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Нигина Амонқулова, Ҳунарманди мардумии Озарбойҷон Менсум Иброҳимов, Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон Гулянак Мемедова, инчунин иҷрокунандагони суруди «Ҳомай» аз Башқирдистон ширкат карданд. Ин суруд соли 2025 аз ҷониби гурӯҳи бошқирдӣ «Ай Ёла» саро дода шуда, ба хити ҷаҳонӣ табдил ёфт.

«Ин навоварӣ нишон медиҳад, ки ҷоиза сатҳи байналмилалиро касб кардааст ва овозхонҳои хориҷӣ низ ба он сарфароз мегарданд»,-гуфт Сироҷиддин Ӯсаров.
Ба гуфтаи ӯ, то кунун 60 ҳунарманд дар доираи ин ҷоиза дар 20 номинатсия сарфароз ва рӯҳбаланд шудаанд. Дар маросими 28 январи ҷоизасупорӣ 20 ғолиб тавассути овоздиҳии кушода дар платформаи Milliytanlov.uz муайян гардиданд.
«Бо ин ҷоиза намояндагони арзандаи соҳа, ки соли 2025 дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат кардаанд, қадрдонӣ шуданд. Имсол номзадҳои аввалин барои номинатсияи нав иловашудаи «Беҳтарин таблиғгари фарҳанги Ӯзбекистон дар хориҷи кишвар» Машу Комазаки аз Ҷопон, Арман Нурмаҳаматулӣ аз Қазоқистон ва Соҳиб Пашшазодаҳо аз Озарбойҷон мебошанд»,- афзуд ӯ.
Ҳамчунин, ҳунармандони ҷоизадор соҳиби шаҳодатнома, мукофоти пулӣ ба маблағи 2 600 доллар шуданд.
Дар ин маросим як гурӯҳ санъаткорони хориҷӣ бо нишони сарисинагии «Фидокори фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон» сарфароз гардиданд. Дар миёни онҳо Нигина Амонқулова, Менсум Иброҳимов, Гулянақ Мемедова, продюсери гурӯҳи «Ай Ёла» Руслан Шайхутдинов ва сарояндагони гурӯҳ Адел Шайхутдинова ва Ринат Рамазонов мебошанд.
Мирасрор Аҳроров,
шаҳри Тошканд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ