Ним аср бо Панҷакенти қадим
Панҷакенти қадим, ки онро Помпеи Шарқ низ мегӯянд, ёдгории нодир ва беназири таърихии ҷаҳон буда, дар омӯзишу пажуҳиши он олимони зиёди ватаниву хориҷӣ саҳм гузоштаанд. Бостоншиноси маъруфи тоҷик Исматулло Раҳматуллоев яке аз пажуҳандагони фидоии Панҷакенти қадим буда, беш аз ним асри умри хешро сарфи таҳқиқи ин ёдгорӣ кардааст.
Раҳматуллоев Исматулло 17-уми ноябри соли 1942 дар шаҳри Панҷакент, дар хонваодаи таърихшинос Раҳматулло Маҳмудов таваллуд шудааст. Рӯ ба таърих овардани ӯ аз як тараф идомаи касби падар бошад, аз ҷониби дигар таъсири муаррихон ва бостоншиносони бузург аст, ки аз кӯдакӣ ӯро иҳота карда буданд.
Соли 1946 А. Якубовский ҳафриётҳои бостоншиносиро дар Панҷакенти қадим оғоз намуд. Бостоншиносони номвар М. М. Дяконов, А. М. Белинитский низ ба ӯ пайвастанд. Макони зисти ин бостоншинсон то соли 1958 ҳавлии Раҳматулло Маҳмудов буд. Ҳамин тавр, Исматуллои хурдсол аз кӯдакӣ дар назди ин бостоншиносон ба воя расид ва бисёр вақт ҳамроҳашон ба маҳали ҳафриёт рафта, ба онҳо кумак мекард. Ҳамин буд, ки баъд аз хатми мактаби миёнаи умумии №1 ба номи И. В. Сталин ва хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ соли 1964 ба факултаи таърихи Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуд.
Соли 1968, пас аз хатми донишкада ӯро ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба ҳайси ходими илмии шуъбаи бостоншиносӣ ба кор мефиристанд. Ҳамин тавр, сарнавишти ӯ ба археология пайваст. Соли 1969 ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи археологияи осорхонаи зикршуда таъин карданд ва номбурда то соли 1982 ба ҳайси сардори гуруҳи археологӣ дар ҳафриёти Панҷакенти қадим ширкат кард ва ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.
Натиҷаи ковишҳои бисёрсолаи худро бостоншинос Исматулло Раҳматуллоев дар рисолаи “Биноҳои истиқоматии шаҳристони Панҷакенти қадим асрҳои VII-VIII (дар асоси маводи объекти шаҳраки ХХIII Панҷакенти қадим)” ҷамъбаст намуда, соли 2006 рисолаи номзадӣ дифоъ кард.
Таҳқиқоти Исматулло Раҳматуллоев дар омӯзиши Панҷакенти қадим аҳамияти калон дорад. Номбурда манзилҳои дар Панҷакент кашфшударо аз мавқеи памосотсиологӣ таҳқиқ намуда, сарҳади майдони васеъро, ки қалъаро бо маркази шаҳр мепайвандад, муайян намудааст. Кофтуковҳои чандинсола, ҳисобу мушоҳидаҳои такрорӣ имкон доданд, ки таърихи ҳар як манзил аз лаҳзаи сохта шудани деворҳои асосии ҳар як бино муайн шуда, манзараи конкретии ҳаёти ҷамъиятию маданӣ аз нав ба вуҷуд оварда шавад. Натиҷаи пажуҳишҳои Исматулло Раҳматуллоев дар 6 монография ва беш аз 50 мақолаи илмӣ ҷамъбаст гардидааст, аз ҷумла, “Экспедитсияи ҷустҷӯйи оромгоҳи устод Рӯдакӣ” (Панҷакент, 2008), “Таърихи маҳаллаи истиқоматии шаҳри қадимаи Панҷакент асрҳои VII-VIII” (Душанбе, 2015), “Древний Пенджиккент. Краткое Историко — археологическое, архитектурное обозрение” (Панҷакент, 2020. 200), “Саразми бостон. Панҷакенти қадим ва навин” (Хуҷанд, 327 саҳ.) ва ғ.
Фаъолияти Исматулло Раҳматуллоев танҳо ба археология маҳдуд намешавад. Номбурда аз соли 2007 то ин замон ба ҳайси мудири кафедраи таърих, бостоншиносӣ ва мероси ниёгони факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолият намуда, дар тарбияи муаррихон ва бостоншиносони ҷавон низ саҳм мегузорад.
Раҳматуллоев Исматулло, ки худ дар мактаби бузурги олимони бостоншинос камол ёфтааст, тавонист роҳи пуршарафи онҳоро бо сари баланд идома диҳад ва собит созад, ки мактаби бостоншиносии тоҷик ҳамеша дар минтақа пешқадам буд ва ҳаст.
Имрӯзҳо бостоншиноси шинохтаи тоҷик, корманди илмии Мамнуъгоҳи Панҷакенти қадими Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Исматулло Раҳматуллоев 80-сола мешаванд. Устодро ба ин санаи фархундаи умр табрик намуда, барояшон тансиҳатӣ ва дастовардҳои нави илмиро таманно мекунем.
Шоиста ИСМАТЗОДА,
ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ