Насли инсон ба 8 миллиард расид

Ба ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид, 15-уми ноябр шумораи аҳолии ҷаҳон ба 8 миллиард нафар расидааст. Барои ба ин рақами бутун расидан 12 сол лозим шуд. Ин афзоиши бесобиқа натиҷаи зиёд шудани дарозии умри вобаста ба рушди соҳаи тандурустӣ ва тиб ва боқӣ мондани сатҳи баланди таваллуд дар як қатор кишварҳост.

Сарфи назар аз он, ки дар маҷмуъ ҷаҳон бо суръати хеле баланд рушд мекунад, саҳми минтақаҳо ва кишварҳои гуногун дар афзоиши шумора ба таври назаррас фарқ мекунад. Кишварҳое, ки сатҳи таваллуди баландтарин доранд, одатан даромади камтарин ба сари аҳолиашон рост меояд. Ҳамин тариқ, афзоиши аҳолии ҷаҳон бо мурури замон бештар дар кишварҳои фақиртарини ҷаҳон дида мешавад, ки аксари онҳо дар ҷануби Сахара ҷойгиранд.

Аз 5 миллион то 8 миллиард

Тибқи маълумоти тадқиқотчиён 8 ҳазор сол пеш аз солшумории мо аҳолии ҷаҳон ба 5 миллион нафар мерасид. Дар давоми зиёда аз 8 ҳазор сол то ибтидои солшумории мелодӣ ин шумора тақрибан ба 200 миллион расидааст.

Аҳолии ҷаҳон танҳо дар чоряки охири ҳазорсолаи дуюм ба як миллиард нафар расидааст.

Инқилоби саноатӣ ба дигаргуниҳои бузург боис гашт. Дар ҳоле, ки тақрибан соли 1800 аҳолии ҷаҳон ба як миллиард расида буд, барои ду миллиард шудан ҳамагӣ 130 сол лозим омад (1930), ба миллиарди сеюм бошад, инсоният дар 30 сол расидааст (1960), миллиарди чорум дар 15 сол (1974) ва миллиарди панҷум танҳо дар 13 сол (1987) ба вуқуъ омад.

Афзоиши бештари аҳолӣ дар охири солҳои 1960 ба амал омад. Сипас суръати афзоиш ба арзиши рекордӣ — 2,09% расид. Дар ҳоле, ки афзоиши аҳолӣ идома дорад, суръати ба амал омадани ин тағйирот ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Тағйирот ба коҳиши мизони таваллуд, афзоиши дастрасии доруҳои зидди ҳомиладорӣ ва рушди иқтисоди кишварҳо марбут аст. Дар ин равандҳо баланд бардоштани савияи маълумотнокӣ, махсусан духтарон, зиёд намудани имконияти бо кор таъмин намудани занон нақши муҳим бозид.

Ҳоло занон мисли соли 1950 ба ҳисоби миёна панҷ маротиба не, балки ду маротиба таваллуд мекунанд. Аммо, рақамҳо вобаста ба минтақа фарқ мекунанд. Дар Африқои ҷанубӣ занон бештар аз чаҳор кӯдак ва дар Уқёнуси Ором (ба истиснои Австралия ва Зеландияи Нав) се кӯдак таваллуд мекунанд. Дар Аврупо бошад, як ё ду кӯдак доштан мехоҳанду халос.

10-гонаи сераҳолитарин кишварҳо

Чин бо шумораи беш аз 1 млрд 452 млн нафар дар садри сераҳолитарин давлатҳои ҷаҳон қарор мегирад. Дар ҷойи дуюм Ҳиндустон меистад, ки аҳолии он ба беш аз 1 млрд 412 млн мерасад. Ҳамчунин, дар даҳгонаи сераҳолитарин давлатҳои ҷаҳон ИМА дар ҷойи сеюм, Индонезия чорум, Покистон дар ҷойи панҷум қарор дорад. Нигерия, Бразилия, Бангладеш, Русия ва Мексика низ дар ин руйхат шомиланд.

Аз давлатҳои пасошӯравӣ танҳо Русия ба ин рӯйхат шомил аст.

Кадом минтақаҳо пешсафанд?

То соли 2020 беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон дар қиъаи Осиё мутамарказ шудаанд. Дар ин минтақа ду кишвар ҷойгир аст, ки шумораи аҳолии онҳо аз як миллиард нафар зиёд аст — Чин ва Ҳиндустон. Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯиҳои СММ, ҳанӯз соли 2023 Ҳиндустон аз Чин пеш гузашта, сераҳолитарин кишвари сайёра мешавад. Интизор меравад, афзоиши аҳолии Ҳиндустон то соли 2050 идома ёбад, дар ҳоле ки шумораи аҳолии Чин коҳиш меёбад.

Дар Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ аз солҳои 1960-ум, вақте ки Чин “сиёсати як кӯдак”-ро ҷорӣ кард, ҳосилхезӣ босуръат коҳиш ёфт. Аҳолии минтақа то соли 2030 ба 2 миллиарду 400 миллион нафар мерасад ва баъд аз он тадриҷан коҳиш меёбад.

Баръакси ин, дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ суръати афзоиши аҳолӣ оҳистатар коҳиш меёбад. Интизор меравад, ки шумораи аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ то ба 2,7 миллиард нафар дар соли 2072 расад.

СММ бар ин бовар аст, ки то охири солҳои 2060-ум минтақаи Африқо сераҳолӣ мешавад ва то соли 2100 шумораи африқоиён ба 3,44 миллиард нафар мерасад.

Созмони Милали Муттаҳид бар ин назар аст, ки шумораи аҳолии ҷаҳон то соли 2080 ба 10,4 миллиард хоҳад расид.

Таҳияи Идибеки САИД

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.