Ду ҷавон барои ҳамла ба ронандаи таксӣ зиндонӣ шуданд

Суди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ду ҷавонро барои ҳамла ба як ронандаи ширкати «Чакан такси» ва ғорати ӯ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст.

Ҳодиса шаби 21-уми декабри соли 2025 рух дода, Манучеҳр Саидов ва Сано Лутфуллозода худро мусофир вонамуд карда, ба таксӣ савор шудаанд. Онҳо ронандаро ба канори роҳ бурда, бо корд захмӣ карда, 800 сомонии ӯро гирифтаанд.

Баъдан ронандаро маҷбур кардаанд, ки онҳоро то шаҳри Бохтар расонад ва пас аз расидан фирор кардаанд.

Бо ҳукми суд аз 18-уми апрел Манучеҳр Саидов ба 17 соли зиндон ва Сано Лутфуллозода ба 10 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *