Маросими дафни Алии Хоманаӣ дар Машҳад анҷом ёфт
Дар шаҳри Машҳади Эрон шаби 10 июл маросими дафни раҳбари пешини кишвар, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ баргузор шуд.
Ӯро дар оромгоҳи Имом Ризо (а), ки аз муқаддастарин зиёратгоҳҳои мусалмонони шиъа ба ҳисоб меравад, ба хок супурданд.
Ба иттилои расонаҳои эронӣ, бинобар серодам будани роҳҳо, тобути Хоманаӣ бо чархбол ба оромгоҳ интиқол дода шуд. Намози ҷанозаро бар ҷасади ӯ писари калониаш Мустафо Хоманаӣ қироат кард.
Маросими мотам аз 4 июл оғоз шуда, дар шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Наҷаф ва Карбало низ баргузор гардид. Ба гуфтаи мақомоти Эрон, дар ин маросимҳо даҳҳо миллион нафар иштирок кардаанд.
Алии Хоманаӣ дар охири моҳи феврал бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба қароргоҳаш дар Теҳрон кушта шуд. Ӯ 86 сол дошт. Пас аз марги ӯ писараш Муҷтабо Хоманаӣ раҳбари нави олии Эрон интихоб гардид, аммо то ҳол дар ҳеҷ маросими оммавӣ ҳузур наёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ