Ҳам гарон, ҳам камёфт. Буҳрони сӯзишвории дизелӣ чӣ паёмад дорад?
Тайи ҳафтаи охир дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории дизелӣ ё худ солярка боз боло рафт. Гарчанде пеш як литри он ҳудуди 13 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло дар Душанбе нархи он аз 13,9 то 15,5 сомонӣ ва дар минтақаҳо аз 13,6 то 15,6 сомонӣ расидааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе корбарон аз 18 сомонӣ шудани нархи он низ шикоят мекунанд.
Ҳамзамон, дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар пойтахт солярка умуман дастрас нест. Масалан, дар нуқтаҳои фурӯши “Газпромнефт” дар Душанбе фурӯши сӯзишвории дизелӣ аз 2-юми июл қатъ шудааст. Дар баъзе нуқтаҳои дигари фурӯш бошад, солярка ҳаст, аммо онро бо маҳдудият, на бештар аз 20 литр ба як нафар мефурӯшанд.
Фурӯшандагон сабаби дақиқи камбуд ва болоравии нархро шарҳ дода наметавонанд. Аммо бархе мегӯянд, ки ин вазъ ҳам ба талаботи мавсимӣ ва ҳам ба мушкилоти бозори сӯзишвории Русия рабт дорад. Зеро Тоҷикистон қисмати зиёди маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро маҳз аз Русия ворид мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, соли 2025 аз Русия ба кишвар зиёда аз 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ интиқол ёфтааст, ки 70 дарсади ҳаҷми умумии воридоти ин навъи маҳсулотро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, соли гузашта ба Тоҷикистон тақрибан 1,7 миллион тонна маводи сӯзишворӣ ворид шудааст.
Дар дохили кишвар истеҳсоли сӯзишворӣ хеле ночиз аст. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2109 тонна бензин ва 3111 тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол шудааст. Ин рақамҳо дар муқоиса бо ҳаҷми воридот, ки садҳо ҳазор ва миллионҳо тоннаро ташкил медиҳад, хеле каманд.
Камбуди солярка, пеш аз ҳама, барои бахши кишоварзӣ нигаронкунанда аст. Техникаи саҳроӣ, мошинҳои боркаш ва қисми зиёди нақлиёти хизматрасони кишоварзӣ бо сӯзишвории дизелӣ фаъолият мекунанд. Дар мавсими киштукор ва ҷамъоварии ҳосил ҳар гуна гаронӣ ё камбуд метавонад ба хароҷоти деҳқонон таъсири мустақим расонад.
Соҳибкорон мегӯянд, онҳое, ки солҳо дар ин бозор фаъолият доранд, одатан барои чунин ҳолатҳо захира омода мекунанд. Аммо агар камбуди сӯзишворӣ ба дарозо кашад, эҳтимол дорад, ки он ба нархи маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ниҳоят ба бозори истеъмолӣ таъсир расонад.
Мақомоти дахлдори кишвар ҳанӯз қазияро шарҳ надодаанд. Кӯшиши мо ҳам барои дарёфти шарҳ натиҷа надод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ