Шералӣ Кабир: Дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба 4002 адад расид
Ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар Тоҷикистон 4002 корхонаи саноатӣ бо 89 ҳазору 59 ҷойи кор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153 корхона зиёд мебошад.
Дар ин бора имрӯз, 10 июл Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вазир, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 191 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 1160 ҷойи кори нав ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 28 корхона бо 85 ҷойи кор, дар вилояти Суғд 65 корхона бо 453 ҷойи кор, дар вилояти Хатлон 46 корхона, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 корхона бо 94 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 22 корхона бо 114 ҷойи кор таъсис ёфта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Таъкид гардид, ки таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва Солҳои рушди саноат ба рушди иқтисоди миллӣ, афзоиши истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ