Пардохти 100 – сомонии ронандагони таксӣ аз байн меравад?

Раиси шаҳри Рустами Эмомалӣ масъалаи бекор кардани пардохти 100 сомонӣ барои ронандагони таксиро баррасӣ кард.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳаи нақлиёт дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор барои фаъолияти дурусти ширкатҳои мусофиркашонии таксӣ, масъалаи аз байн бурдани маблағи 100-сомониро омӯхта, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин аз рўи усулҳои наву муосир таклиф пешниҳод намоянд.

Қаблан низ Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар сурати пурра ба фаъолият оғоз намудани замимаи рақамии JURA, пардохти ҳатмии 100-сомонӣ, ки айни замон аз ҷониби ронандагони таксӣ ҳар рӯз супорида мешавад, аз байн бурда хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *