Сели харобиовар дар ноҳияи Айнӣ. Тафсилоти ҳодиса
Мактаб, бемористон, хонаҳо, боғҳо ва 12 мошин осеб диданд
Бар асари боришоти шадиди рӯзи 11 июл, сел аз нови Сурхӣ, сойи Кашак ва сойи Ҷарии деҳаи Каздон ба деҳаҳои Дарғу Каздони ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ ворид шуда, ба инфрасохтор ва моликияти сокинон хисороти зиёд расонд.
Ба иттилои ҳукумати ноҳияи Айнӣ, дар натиҷаи офати табиӣ роҳҳои мошингард ва пиёдагард, хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, ҷӯйборҳо, боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ осеб дидаанд. Ҳамчунин, 11 мошини сабукрав, як мошини боркаши тамғаи «КамАЗ», гирду атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздон, беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ, чанд мағозаи хӯрокворӣ ва дигар молу мулки шаҳрвандон зарар дидаанд.
Мақомот мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз маҳалҳои осебдида боздид карда, бо сокинон мулоқот анҷом додааст. Ба гуфтаи ӯ, вазъият зери назорати роҳбарияти кишвар қарор дошта, барои бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир, мақомоти маҳаллӣ ва сокинон ба поксозии манзилҳо, кӯчаву роҳҳо ва интиқоли молу мулки зарардида машғул буда, ҳамзамон ҳаҷми умумии хисороти расида муайян карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ