Марди бадахлоқ боздошт ва 10 шабонарӯз ҳабс шуд
Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ як сокини 37-солаи шаҳри Роғунро бо гумони содир кардани рафтори ғайриахлоқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ боздошт карданд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ нисбати як ҷавонзан рафторҳои ғайриахлоқӣ анҷом дода, ҳамзамон бо истифода аз дашному алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса пас аз муроҷиати электронии ҷабрдида ошкор шудааст.
Нисбати гумонбар тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ӯ ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ