Рустам Ятимов – гаронтарин дарвозабони Осиёи Марказӣ (видео)

Имрӯз, 13 июл Рустам Ятимов, футболбоз ва дарвозабони тоҷик  зодрӯз дорад. Номбурда 13 июли соли 1998 ба дунё омадааст.

Ӯ ба футболи тоҷик бори аввал моҳи октябри соли 2016 омад ва 24 феврали соли 2017 бошгоҳи «Истиқлол» имзои Рустам Ятимовро бо қарордоди панҷсола эълон кард.

Рустам Ятимов соли 2024 гаронтарин дарвозабони Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд. Он замон арзиши гузариши ӯ 1,5 млн евро баҳогузорӣ шуд. Соли 2025 ӯ дар қатори 5 бозигарӣ гаронтарини ин минтақа қарор гирифт.

Ҳоло Рустам Ятимов дар бошгоҳи “Ростов”-и Русия бозӣ мекунад.

Ӯ дар аввалин мавсими худ дар ин бошгоҳ ба финали Ҷоми Русия баромад ва беҳтарин дарвозабони мавсими ин мусобиқот эътироф шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *