Таваҷҷуҳи донишҷӯёни Чин ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон афзудааст
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо беш аз 350 муассисаи олии хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода имрӯз, 13 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар донишгоҳ 371 донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ректор таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ ба таҳсил дар ин муассисаи олии кишвар сол ба сол бештар мегардад.
“Хоҳишмандон зиёданд. Танҳо аз Чин 100 нафар дархост додаанд, ки дар донишгоҳ таҳсил намоянд. Ин худ бозгӯи мақоми байналмилалӣ доштани донишгоҳро нишон медиҳад”, – гуфт Убайдулло Асрорзода.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки ҳоло 100 донишгоҳу донишкадаи хориҷӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои нав бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намудаанд.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки донишгоҳ на танҳо дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, балки дар масъалаи пайванди таҳсил бо бозори меҳнат низ фаъолиятро густариш медиҳад. Аз ҷумла, донишгоҳ бо 100 ширкату корхонаи ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Тибқи ин ҳамкориҳо, донишҷӯён баъд аз хатми таҳсил имкон доранд дар корхонаву ширкатҳои шарик ба кор таъмин гарданд. Масъулони донишгоҳ мегӯянд, чунин раванд барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад.
Гуфта шуд, ки тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ва ҳамзамон тақвияти робита бо бахши хусусии дохилӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ