ИМА бори сеюм ба Эрон ҳамла кард, Теҳрон аз бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод

Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА шаби якшанбе бори дигар ба ҳадафҳо дар қаламрави Эрон зарба задаанд. Ба иттилои расонаҳои байналмилалӣ, Вашингтон ин ҳамлаҳоро посух ба зарбаи нерӯҳои эронӣ ба як киштии тиҷоратӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз арзёбӣ кардааст.

Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА – CENTCOM изҳор доштааст, ки киштии зери парчами Кипр ҳангоми ҳаракат дар гулӯгоҳи Ҳурмуз мавриди ҳамла қарор гирифта, бар асари сӯхтор ва осеби ҷиддӣ ба қисмати муҳаррик натавонистааст сафарашро идома диҳад. Бино ба маълумоти ҷониби амрикоӣ, як узви ҳайати экипаж бедарак шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса ИМА ба як силсила ҳадафҳо дар қаламрави Эрон зарба задааст. Расонаҳо менависанд, ки ин сеюмин даври ҳамлаҳои Амрико ба Эрон дар давоми як ҳафта мебошад. Ҳадафҳои зарбаҳо, ба гуфтаи манбаъҳо, иншоот ва таҷҳизоти марбут ба низомиён ва нерӯҳои вобаста ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон будааст.

Дар навбати худ, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфтааст, киштии мазкур қоидаҳои ҳаракат дар гулӯгоҳро нақз карда, ба амнияти киштиронӣ хатар эҷод намудааст. Ба гуфтаи ҷониби Эрон, нерӯҳои он нахуст ба киштӣ ҳушдор додаанд, аммо баъдан онро ҳадаф қарор додаанд.

Теҳрон ҳамчунин аз баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар додааст. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ин гузаргоҳи муҳими баҳрӣ то огоҳии дигар баста мемонад. Аммо ИМА иддаои басташавии гулӯгоҳро рад карда, таъкид намудааст, ки нерӯҳои амрикоӣ барои таъмини озодии ҳаракати киштиҳо дар ин минтақа омодаанд.

Гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин роҳҳои баҳрии интиқоли нафту газ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳар гуна ноамнӣ ё маҳдудият дар ин минтақа метавонад ба бозори ҷаҳонии энергия таъсири ҷиддӣ расонад. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои байналмилалӣ навиштаанд, ки кишварҳои минтақа ва миёнаравҳо аз ҷумла Қатар, Покистон ва Миср ҷонибҳоро ба худдорӣ ва коҳиши ташаннуҷ даъват мекунанд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки раҳбари нави олии Эрон Оятуллоҳ Муҷтабо Хоманаӣ дар нахустин паёми оммавии худ пас аз маросими дафни падараш, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ваъдаи интиқом додааст. Ба навиштаи Reuters, ӯ гуфтааст, ки интиқом барои кушта шудани падараш “талаби миллӣ” аст.

Танишҳои нави низомӣ миёни ИМА ва Эрон нигарониҳоро аз эҳтимоли густариши даргирӣ дар Ховари Миёна бештар кардааст. Коршиносон мегӯянд, идомаи чунин ҳамлаҳо метавонад на танҳо амнияти минтақа, балки ҳаракати киштиҳои тиҷоратӣ ва бозори ҷаҳонии сӯзишвориро низ зери фишор қарор диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *