Тоҷике, ки инфрасохтори логистикии Русияро месозад
Дар байни соҳибкорони тоҷике, ки дар Федератсияи Русия ба дастовардҳои бузург ноил шудаанд, номи Диловар Муҳиддинов бо эҳтиром зикр мешавад. Ӯ аз ҷумлаи он соҳибкоронест, ки нуфузи худро на бо таблиғ, балки бо сохтани инфрасохтори воқеӣ, идоракунии самараноки тиҷорат ва масъулияти иҷтимоӣ ба даст овардааст.
Аз Владивосток то яке аз марказҳои бузурги логистикии Русия
Фаъолияти соҳибкории Диловар Муҳиддинов ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта аз шаҳри Владивосток оғоз ёфт. Дар он давра ӯ ба ҳамлу нақли баҳрӣ, интиқоли молҳои зудвайроншаванда ва логистикаи автомобил машғул буд. Маҳз ширкати ӯ аз аввалинҳо шуда дар Русия интиқоли автомобилҳоро дар контейнерҳои ҳаҷман калон (Super High Cube) ба роҳ монд, ки барои бозори нақлиётии он солҳо як навоварии ҷиддӣ маҳсуб мешуд.
Бо гузашти солҳо фаъолияти ӯ ба як гурӯҳи бузурги логистикӣ табдил ёфт.
Имрӯз ширкати сарпарасти гурӯҳ – «Общие логистические решения» идоракунии тамоми дороиҳои логистикии ӯро ба зимма дорад. Ба ҳайати гурӯҳ Маркази терминалӣ-логистикии «Чехов», шабакаи роҳи оҳани дохилӣ бо дарозии 46 километр, депои локомотивҳо ва вагонҳо, инчунин як қатор иншооти истеҳсоливу логистикӣ дохил мешаванд. Дар ин марказ борҳои контейнерӣ қабул, барасмиятдарории гумрукӣ, ташкили қатораҳои контейнерӣ ва хизматрасонии пурраи логистикӣ анҷом дода мешавад.

Миллиардҳо сармоягузорӣ кардем
Ҳангоми мусоҳиба бо нашрияи тахассусии InfraNews дар соли 2026 аз Диловар Муҳиддинов пурсида шуд, ки барои рушди Маркази логистикии «Чехов» чӣ қадар маблағ сарф шудааст?
Ҷавоби ӯ кӯтоҳ, вале пурмазмун буд: «Миллиардҳо. Ҳатто ҳоло маблағи дақиқашро гуфта наметавонам. Рушди терминал раванди беохир аст. Доимо бояд сармоягузорӣ кард».
Ба гуфтаи ӯ, логистика танҳо ҳамлу нақли бор нест, балки пеш аз ҳама сохтани инфрасохторест, ки даҳсолаҳо хизмат мекунад. Аз ҳамин сабаб қисми зиёди даромади ширкат боз ба рушди терминал, таҷҳизоти нав ва инфрасохтори роҳи оҳан равона мешавад.

Марказе, ки чеҳраи логистикаи Русияро дигар мекунад
Имрӯз Терминали логистикии «Чехов» аз муҳимтарин марказҳои коркарди контейнерҳо дар вилояти Маскав ба ҳисоб меравад.
Дар он ҷо барасмиятдарории гумрукӣ, қабул ва фиристодани қатораҳои контейнерӣ ба тамоми самтҳои Русия ва кишварҳои АвруОсиё анҷом дода мешавад. Соли 2026 ин терминал дар ҳамкорӣ бо Роҳи оҳани Русия (РЖД) аввалин шуда технологияи нигоҳдории платформаҳои контейнериро дар се қабат ҷорӣ намуд, ки истифодаи самараноки майдонҳои терминалро таъмин мекунад.
Кумак ба Ватан
Диловар Муҳиддинов танҳо соҳибкор нест. Дар зодгоҳаш – ноҳияи Фархор ӯ бо маблағҳои шахсӣ мактаби замонавии сеошёна, маркази тиббӣ, беморхона, таваллудхона, роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти иҷтимоиро бунёд кардааст. Барои сохтмони танҳо як мактаб беш аз як миллион доллар сарф шудааст.
Фалсафаи зиндагии ӯ дар як ҷумла ифода ёфтааст: «Мо он ҷо, ки фаъолият мекунем, ҳамон ҷо низ кумак мекунем». Ин шиор имрӯз яке аз принсипҳои асосии фаъолияти иҷтимоии ӯ ба ҳисоб меравад.
Нуфузе, ки бо кор ба даст омадааст
Диловар Муҳиддинов аз ҷумлаи соҳибкороне нест, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо бошанд. Ӯ бештар сохтани корхона, терминал ва инфрасохторро аз мусоҳибаҳои зиёд авлотар медонад.
Шояд маҳз ҳамин хислат боис шудааст, ки ӯ имрӯз дар байни соҳибкорони тоҷик ва ҷомеаи логистикии Русия ҳамчун роҳбари боэътимод, сармоягузори стратегӣ ва шахси масъули иҷтимоӣ шинохта шавад.
Муваффақияти Диловар Муҳиддинов танҳо дар сохтани як империяи логистикӣ нест. Арзиши воқеии фаъолияти ӯ дар он аст, ки сарватро ба рушди истеҳсолот, инфрасохтор ва зиндагии мардум табдил додааст.
Аз ҳамин рӯ, ҷой гирифтани ӯ дар раддабандии «15 тоҷики бонуфузтарини Русия» на танҳо натиҷаи дастовардҳои соҳибкорӣ, балки эътирофи саҳмаш дар рушди иқтисоди Русия ва обрӯи тоҷикон дар хориҷ аз кишвар мебошад.
(Идома дорад)
Таҳия, тарҷума ва такмили Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ