Мусодираи қариб 3 тонна маводи нашъадор дар ним сол
Давоми шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 11 ҳазору 731 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар кишвар 13 ҳазору 89 ҷиноят сабт шуда буд.
Дар ин бора Зафар Самад, роҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддири кишвар имрӯз, 13 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд дар маҷмуъ шумораи ҷиноятҳо дар кишвар коҳиш ёфтааст, аммо ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир афзоиш нишон медиҳанд.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, аз шумораи умумии ҷиноятҳои содиршуда дар шаш моҳи аввали соли равон 592 ҷиноят, ё худ 5 дарсад, ба хариду фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор рост меояд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2025 534 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шуда буд.
Ҳамин тавр, шумораи ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли гузашта 58 ҳолат зиёд шудааст.

Ҳамчунин, Зафар Самад гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомот дар кишвар 2 тоннаву 963 килограмм маводи нашъадор мусодира кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 –ум 143 килограмм ё тақрибан 5 дарсад камтар мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ