Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо Ян Сисюн

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо Ян Сисюн, раиси Шӯрои директорони ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. мулоқот кардааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла ташкили боғҳои муосири интенсивии себ, истеҳсоли ниҳолҳои баландсифат, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи агросаноатӣ, инчунин нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти боғдорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Давлаталӣ Саид гуфтааст, ки вилояти Хатлон бо доштани иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва имкониятҳои васеи рушди соҳаи боғдорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ шароити муносиб фароҳам овардааст. Истифодаи самараноки ин имкониятҳо метавонад ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат намояд.

Ян Сисюн аз омодагии ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. барои рушди ҳамкориҳои амалӣ бо вилояти Хатлон изҳори назар намуда, таҷрибаи ғании ширкатро дар самти парвариши навъҳои серҳосили себ, ташкили боғҳои интенсивӣ ва истифодаи технологияҳои муосири агросаноатӣ муаррифӣ кард. Зикр гардид, ки татбиқи чунин таҷриба метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва рушди содироти меваю маҳсулоти боғдорӣ мусоидат кунад.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, омӯзиши имкониятҳои таъсиси боғҳои интенсивии себ, муайян намудани қитъаҳои замини мувофиқ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо дар самтҳои нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *