Мактабҳо ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надоранд!
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки фурӯши либоси мактабӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ ва аз ҷониби директорон ё роҳбарони синф иҷозат дода намешавад.
Вазири маориф Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, вазорат танҳо намунаҳои тавсиявии либоси мактабиро пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи ӯ, интихоби тарҳи либос аз ҷониби кумитаҳои падару модарон сурат мегирад.
Ӯ афзуд, ки вазорат борҳо ба раёсату шуъбаҳои маориф дастур додааст, то аз чунин ҳолатҳо пешгирӣ кунанд.
Мақомоти соҳа ҳамчунин хотиррасон карданд, ки ҳар як падару модар метавонад либоси мактабиро аз дилхоҳ нуқтаи савдо харидорӣ намояд ва касе ҳақ надорад онҳоро ба харид аз ҷойи муайян маҷбур созад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ