Бинои нави Вазорати адлия ба истифода дода шуд

Имрӯз, 14 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

“Иншоот аз ду қисм иборат буда, дар бинои 1-ум ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои маҷлисӣ, машваратӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хизматӣ, компютерӣ, видеоконференсия ва мисли инҳо ҷойгир карда шудааст”,-иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Дар маҷмуъ дар бинои нав инфрасохтори зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти адлия муҳайё гардидааст, аз ҷумла толори калони маҷлисӣ бо 500 ҷойи нишаст, толори хурди маҷлисӣ барои 140 нафар ва 7 толори машваратӣ ҳар кадом бо 40 ҷой омода аст.

Маркази қабули шаҳрвандон, китобхона, бойгонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, типография, ҳуҷраҳои видеоконференсия, сервер, ошхона, анборҳо, толори машқ бо таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зидди сӯхтор аз ҳуҷраҳои техникии вазорат маҳсуб меёбанд.

Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *