Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон то 46 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад

Аз 15 то 18 июл дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво хеле гарм хоҳад шуд. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст.

Тибқи пешгӯӣ, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои водӣ ба 46 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ ба 38 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то 41 дараҷа мерасад.

Бо баланд шудани ҳарорат эҳтимоли омадани сел дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ зиёд мешавад.

Ҳамчунин, болоравии сатҳи об дар дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш пешбинӣ шудааст.

Мутахассисон аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки дар соатҳои гармтарини рӯз аз будубоши тӯлонӣ дар зери офтоб худдорӣ намуда, бештар об нӯшанд ва ба саломатии кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *