Вазири меҳнат: Онҳое, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, тоҷик мемонанд
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони кишвар баъди гирифтани шаҳрвандии Русия низ ҳувияти миллии худро аз даст намедиҳанд.
Ӯ рӯзи 13 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи афзоиши теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русияро мегиранд, гуфт, интихоби шаҳрвандии давлати дигар ҳуқуқ ва хоҳиши шахсии ҳар шаҳрванд аст.
«Ин хоҳиши ҳар шаҳрванд аст. Диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои ободии кишвар, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо ва биноҳои истиқоматӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Фикр мекунем, ҳар нафаре, ки шаҳрвандии давлати дигарро гирифтааст, ҳамеша тоҷик будани худро аз даст намедиҳад», – гуфт Солеҳа Холмаҳмадзода.
Ба гуфтаи вазир, ҳамватанони бурунмарзӣ, новобаста аз шаҳрвандӣ ва маҳалли зист, робитаи худро бо Тоҷикистон нигоҳ дошта, дар татбиқи корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегузоранд.
Изҳороти вазир дар ҳолест, ки тайи солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русияро соҳиб мешаванд, афзоиш ёфтааст.
Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2026 дар суҳбат бо хабаргузории «ТАСС» гуфта буд, ки соли 2025 шаҳрвандии Русияро 78,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гирифтаанд. Ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 42,5 ҳазор нафар баробар буд. Ба ин тартиб, танҳо дар ду соли охир тақрибан 121 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.
Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия, дар маҷмуъ соли 2025 ба 152,4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шаҳрвандии ин кишвар дода шудааст. Аз муқоисаи ин омор бармеояд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз нисфи ҳамаи шаҳрвандии ба хориҷиён додашударо ташкил дода, дар ин нишондод дар ҷойи аввал қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин, Сафири Русия гуфтааст, ки ҳоло дар ин кишвар беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Тоҷикистон ва Русия аз соли 1995 созишномаи танзими масъалаҳои душаҳрвандиро доранд. Бар асоси ин санад, шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд шаҳрвандии тарафи дигарро бо нигоҳ доштани шаҳрвандии пешинаи худ соҳиб шаванд. Созишнома соли 1996 тасвиб шуда, соли 1997 мавриди амал қарор гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ