Ҷазои 300 корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ барои изофанависӣ
Зиёда аз 300 корманди Шабакаҳои тақсимоти барқ барои изофанависии барқи сарфшуда аз ҷониби аҳолӣ ҷазо гирифтаанд.
Дар ин бора намояндагони Агентии назорат дар соҳаи энергетика хабар доданд.
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, онҳо беш аз 122 млн квт-соат нерӯи барқро ба суратҳисоби аҳолӣ изофанависӣ кардаанд.
Зарари дар натиҷаи ин амали кормандони Шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ зиёда аз 37 млн сомониро ташкил додааст.
Кормандони шабака дар маҷмӯъ ба маблағи 186 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, нисбати 45 корманди ШБТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.
Дар филиали Шабакаҳои тақсимоти барқ дар Кӯлоб изофанависии нерӯи барқ ба маблағи 20 млн 92 ҳазор сомонӣ, Бохтар 9 млн 310 ҳазор сомонӣ, Суғд 3 млн 300 ҳазор сомонӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 299 ҳазор ошкор карда шудааст.
Дар филиали Шабакаҳои тақсимоти барқ дар Душанбе изофанависии нерӯи барқро дар ҳаҷми 986 ҳазор сомонӣ ошкор кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ