Интиқоди Президент аз фаъолияти Вазорати адлия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлия аз як қатор камбудиҳо дар фаъолияти ин ниҳод изҳори нигаронӣ намуда, барои ислоҳи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо вуҷуди тадриҷан беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти адлия, сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мешаванд, ҳанӯз ҳам ба талаботи мавҷуда пурра ҷавобгӯ нест.

«Кормандони вазорат ба масъалаи санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз лиҳози талаботи қонунгузорӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намекунанд. Дар натиҷа қисме аз лоиҳаҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода мешаванд», – таъкид кард Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти кишвар ба роҳбарияти Вазорати адлия ва дигар вазорату идораҳо дастур дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, такмили сифати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар шароити густариши муносибатҳои байналмилалӣ, афзоиши уҳдадориҳои шартномавӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, норасоии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳанӯз ҳам боиси нигаронӣ мебошад.

Инчунин, Сарвари давлат ба масъалаи бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, таъкид намуд, ки мутобиқати фаъолияти онҳо ба мақсадҳои оинномавӣ бояд пурра таҳти назорат қарор гирад.

Дар баробари ин, Президент дастур дод, ки ҳисоботи молиявии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бахусус маълумот дар бораи даромад ва хароҷоти онҳо, ба хотири таъмини шаффофият дар сомонаи мақомоти адлия мунтазам нашр карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *