Аз иқтисоди сабзу рақамӣ то зеҳни сунъӣ. Гузориш аз форуми байналмилалӣ дар Душанбе

Аз 14 то 18-уми апрели соли равон шаҳри Душанбе мизбони Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» аст. Он бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон багузор гардида, беш аз 2000 иштирокчиро аз 50 кишвари ҷаҳон гирди ҳам меорад. Дар байни онҳо олимон, коршиносон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ низ ҳастанд.

Таваҷҷуҳ ба рушди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ

Дар маросими ифтитоҳи форум муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ таъкид кард, ки имрӯз рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳими рушди давлат ба ҳисоб мераванд. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи технологияҳои нав метавонад ба соҳаҳои гуногун таъсири мусбат расонад. Аз ҷумла, идоракунии давлатӣ, иқтисод ва молия, энергетика, хизматрасонӣ ба аҳолӣ. Технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки хизматрасониҳо зудтар, шаффоф ва самаранок гарданд. Ин раванд инчунин ба беҳтар шудани сифати зиндагии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Дар форум зикр гардид, ки дар даҳсолаи охир иқтисоди Тоҷикистон рушди устуворро нишон додааст. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, зиёд шудани даромади аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз натиҷаҳои мусбати ислоҳоти иқтисодӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо рушди анъанавии иқтисодӣ кофӣ нест. Имрӯз гузариш ба иқтисоди «сабз» як зарурати ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Иқтисоди «сабз» маънои истифодаи оқилонаи захираҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши таъсири манфии истеҳсолот ба табиатро дорад. Ин навъи иқтисод метавонад рушди дарозмуддат ва устуворро таъмин намояд.

Мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

Ҳукумати кишвар дар солҳои охир як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегиро қабул намудааст. Аз ҷумла, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040, Консепсияи иқтисоди рақамӣ ба рушди технологияҳои нав, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод ва беҳтар кардани идоракунии давлатӣ равона шудаанд. Ҳамчунин, солҳои 2025-2030 дар кишвар ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.

Инчунин, дар форуми мазкур таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ фаъолона дар масъалаҳои марбут ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор иштирок мекунад. Моҳи июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул намуд, ки ташаббуси Тоҷикистонро дар бораи нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор дастгирӣ мекунад. Ин иқдом мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷонибдори технологияҳои нав ва рушди рақамӣ тақвият мебахшад.

Ба таъкиди баромадкунандагон, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ танҳо ба иқтисод таъсир намерасонанд. Инчунин, онҳо сохтори иҷтимоиро тағйир медиҳанд. Ин технологияҳо метавонанд дастрасии аҳолиро ба маълумот беҳтар кунанд, сатҳи маорифро баланд бардоранд. Инчунин, хизматрасониҳои давлатиро осон намоянд, нобаробарии минтақавиро коҳиш диҳанд. Ҳамин тавр, рақамикунонӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ табдил ёфтааст.

Имкониятҳо барои сармоягузорӣ ва инноватсия

“Форум як платформаи бисёрсатҳист, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ, бахши хусусӣ, ҷавонон ва созмонҳои байналмилалиро дар як фазои муштарак муттаҳид месозад. Чунин ҳамоишҳо барои таҳкими робитаҳои илмӣ, иқтисодӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти калон доранд”,- изҳор дошт Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвами, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Барно Саидвализода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Хуршедаи Қодир ва дигар намояндагони кишварҳои хориҷӣ доир ба равандҳои рушди устувор, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Намояндагони соҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ омода аст.

“Дар кишвар имкониятҳои васеъ барои ҷалби сармоя, рушди стартапҳо, татбиқи технологияҳои нав, лоиҳаҳои инноватсионӣ фароҳам оварда шудаанд”,- изҳор дошт Хуршеди Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Ба таъкиди номбурда, соли 2025 дар Душанбе парки технологии инноватсионӣ ба фаъолият оғоз кард, ки ба рушди зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар форум гуфт, ки ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ 15 фоиз ва дар баъзе кишварҳо то 40 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон суръати рушди иқтисоди рақамӣ дар сатҳи 8,5 дарсад қарор дошта, нисбат ба суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 3 маротиба афзоиш меёбад.

“Тибқи маълумоти Иттиҳоди байналмилалии алоқа, шумораи истифодабарандагони интернет аз 1 миллиард дар соли 2005 то 6 миллард дар соли 2025 зиёд шуда, 74 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Истифобарандагони смартфонҳо бошад, аз 1,4 миллиард дар соли 2015 то ба 7 миллиард дар соли 2025 зиёд шудааст. Рақамҳои дар боло зикршуда нишон медиҳанд, ки рақамикунонӣ манбаи рушди иқтисод мебошад”,-иброз дошт Абдураҳмон Абдураҳмонзода.

Таъкид шуд, ки ҳоло Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми рақамикунонӣ қарор дорад ва дар ин самт қадамҳои муҳим гузошта шуда истодаанд.

“Имрӯз таносуби пардохтҳо дар Тоҷикистон 57,6 фоиз нақдӣ ва 42,4 фоизро ғайринақдӣ ташкил медиҳад”,- изҳор дошт номбурда.

Рушди иқтисоди рақамӣ ба нерӯи инсонӣ такя менамояд. Вобаста ба ин, танҳо дар солҳои 2025-2026 беш аз 6272 мутахассис ба нақша гирифта шуда, ин нишондидиҳанда нисбат ба соле пеш 3 маротиба зиёд мебошад. Инчунин, зиёда аз 100 нафар хизматчиёни давлатӣ аз 42 мақомот дар хориҷи кишвар дар ин самт барои омӯзонидан равона шудаанд.

Форуми байналмилалӣ дар Душанбе нишон дод, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид шудааст. Ин марҳила ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва принсипҳои иқтисоди «сабз» такя мекунад. Чунин форумҳо на танҳо барои табодули таҷриба муҳиманд, балки барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва муаррифии иқтидори кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ низ нақши муҳим доранд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *