Посухи Попи Рум ба Президенти ИМА

Леои шонздаҳум, попи Рум ва раҳбари 1,4 миллиард католики ҷаҳон гуфт, ки ба мухолифаташ ба ҷанг идома медиҳад. Изҳороти ӯ дар вокуниш ба танқиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико садо дод.

Ӯ 13-уми апрел ҳангоми сафараш ба Алҷазоир дар мусоҳиба бо хабаргузории “Рейтерс” гуфт, ки “ман бар зидди ҷанг садо баланд хоҳам кард”.

“Имрӯз дар ҷаҳон одамони зиёд ранҷ мекашанд. Бисёре аз одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Ба назари ман, касе бояд бархезаду бигӯяд, ки роҳи беҳтаре ҳам ҳаст”,- афзуд раҳбари католикҳои ҷаҳон.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 12-уми апрел поп Леоро барои мавзеъгирии Ватикан дар мавриди ҷанг бо Эрон танқид карда, гуфт, попи Рум “бо кишваре бозӣ мекунад, ки мехоҳад силоҳи ҳастаӣ дошта бошад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *