Маҷмааи нави 55-ошёна дар Душанбе

Дар маркази шаҳри Душанбе дар ҷойи бозори маъруфи “Шоҳмансур”, ки бештар бо номи “Зелёний бозор” шинохта мешуд, тарҳи як маҷмааи бузурги тиҷоратӣ ва истиқоматӣ пешниҳод гардидааст. Ин лоиҳа аз ҷониби ширкати Cool Design таҳия шудааст ва яке аз калонтарин тарҳҳои шаҳрсозии солҳои охир дар пойтахт ба ҳисоб меравад.

Дар асоси маълумоти нашршуда, маҷмаа аз чандин биноҳои баландошёна иборат хоҳад буд, ки баландии онҳо аз 28 то 55 ошёна мерасад. Бинои асосӣ – 55-ошёна эҳтимол ба яке аз баландтарин сохтмонҳои шаҳр табдил меёбад. Лоиҳа сохтмони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхона, биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, таваққуфгоҳи дусатҳаи нақлиётиро дар бар мегирад. Яке аз хусусиятҳои муҳими лоиҳа таваҷҷуҳ ба инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад. Тибқи нақша, мактаб барои 1200 хонанда, кӯдакистон барои 300 нафар, бунгоҳи тиббӣ низ дар ҳамин ҳудуд бунёд хоҳанд шуд. Яъне, тарҳ на танҳо барои тиҷорат, балки барои зиндагии доимӣ низ пешбинӣ шудааст.

Маҷмаа дар як минтақаи васеъ, ки кӯчаҳои А. Дониш, Н. Муҳаммад, А. Деҳлавӣ, А. Лоҳутӣ, А. Адҳамов, Ф. Аттор ва С. Шедринаро дар бар мегирад, сохта мешавад. Пештар дар ин ҷо “Зелёний бозор” ҷойгир буд, ки солҳои дароз яке аз марказҳои асосии савдои пойтахт маҳсуб меёфт.

Ғайр аз ширкатҳои маҳаллӣ, дар амалӣ сохтани лоиҳа иштироки ширкатҳои хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Русия ва Имороти Муттаҳидаи Араб низ дар назар аст. Фармоишгари асосии лоиҳа ҶДММ “Тас Интернейшнл Груп” мебошад. Ҳарчанд атрофи қитъаи замин аллакай маҳкам карда шудааст, аммо санаи дақиқи оғози корҳои сохтмонӣ ҳанӯз маълум нест. Марҳилаи лоиҳакашӣ бошад, идома дорад.

Дар сомонаи ширкат гуфта шудааст, ки “То омода шудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, бастани шартномаи ҳиссагузорӣ тавсия дода намешавад!”.

Қаблан Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе гуфта буд, ки “дар ҷои бозор, ки 30 гектар заминро фаро мегирад, маҷмаа иборат аз меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонӣ, бинои маъмурию ҷамъиятиву хидматрасонӣ ва ғайра бунёд мешавад”.

Ёдовар мешавем, ки бозори “Шоҳмансур”, маъруф ба “Зелёний бозор” соли 2017 бо қарори раиси шаҳри Душанбе барҳам дода шуда, савдогарон ба бозори “Меҳргон” кӯчонида шуданд. Акнун, баъд аз чанд сол, ин макон ба як маркази нави муосири шаҳр табдил меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *