Форуми сайёҳӣ дар Суғд: Муаррифии имкониятҳои нодири минтақа ба ҷаҳониён

Рӯзҳои 16-17 апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» доир мегардад. Ин чорабинии муҳими байналмилалӣ бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии имкониятҳои бойи таърихиву фарҳангии минтақа баргузор карда мешавад.

Форум ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ, муаррифии захираҳои нодири табиӣ ва фарҳангии вилояти Суғд, инчунин ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ равона гардидааст.

Вилояти Суғд бо таърихи куҳан, табиати дилфиреб ва анъанаҳои ғании мардумӣ яке аз минтақаҳои ояндадори рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва сармоягузорон ба ин минтақа далели равшани имкониятҳои васеи он мебошад. Аз ҷумла, мавзеъҳои нотакрори табиӣ, ба мисли Искандаркӯл, дараҳои зебоманзари Яғноб ва Фон, инчунин минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ барои дӯстдорони табиат шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ин мавзеъҳо имконият медиҳанд, ки сайёҳон бо хаймазанӣ, кӯҳнавардӣ ва экосайёҳӣ машғул шаванд.

Форуми мазкур ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва бахусус вилояти Суғд арзёбӣ гардида, интизор меравад, ки ба рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *