Созиши Маскав ва Боку. Ҷуброни зарар барои суқути ҳавопаймо пардохт мешавад

Русия ва Озарбойҷон ба танзими паёмадҳои суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати AZAL, аз ҷумла пардохти ҷубронпулӣ, ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора дар изҳороти муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар гуфта мешавад.

Тибқи иттилои «ТАСС», ин созиш дар асоси тавофуқоти сарони ду давлат, ки 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба даст омада буд, ҳосил гардидааст. Сухан дар бораи суқути ҳавопаймои навъи Embraer 190 меравад, ки 25 декабри соли 2024 дар наздикии шаҳри Ақтау рух дода буд. Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар натиҷаи амали ғайриқасдонаи низоми дифои зиддиҳавоӣ дар фазои ҳавоии Русия ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки чораҳои андешидашуда аз талоши муштараки ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи муносибатҳои иттифоқчигӣ шаҳодат медиҳанд.

Инчунин, ҷонибҳо изҳори итминон кардаанд, ки рушди минбаъдаи муносибатҳои Русияву Озарбойҷон дар заминаи эҳтироми мутақобила, эътимод ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар ба таҳкими равобити некуҳамсоягӣ ва густариши ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни изҳорот, Русия ва Озарбойҷон бори дигар ба пайвандону наздикони қурбониёни фоҷиа изҳори ҳамдардӣ намуда, қайд кардаанд, ки дарди талафоти ҷуброннопазирро бо ҳамаи осебдидагон шариканд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *