Шумораи нави «Тоҷикистон»: Аз тарҳи 55-ошёна дар Душанбе то ояндаи Эрону Амрико
Шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо матолиби ҷолибу хонданӣ ба нашр расид, ки дар он мавзӯъҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта шудаанд. Ин шумора бо пешниҳоди таҳлилҳо, мусоҳибаҳо ва гузоришҳои муфассал талош кардааст, то хонандаро бо муҳимтарин рӯйдодҳои дохиливу хориҷӣ ва ҳамзамон бо масъалаҳои калидии ҷомеаи имрӯз ошно созад.
Маводи марказии шумора “55-ошёна дар Душанбе:афсона ё ҳақиқат?” ба яке аз баҳсбарангезтарин тарҳҳои шаҳрсозии солҳои охир дар Душанбе бахшида шудааст. Дар ҷойи бозори маъруфи «Шоҳмансур», ки миёни мардум бо номи «Зелёний бозор» шинохта мешуд, бунёди як маҷмааи бузурги тиҷоратӣ ва истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, баландии ин биноҳо аз 28 то 55 ошёна мерасад ва бинои асосӣ метавонад ба яке аз баландтарин иншооти пойтахт табдил ёбад.
Маводи муҳими дигари шумора мусоҳиба бо адабиётшинос Субҳони Аъзамзод доир ба китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” аст. Муаллифи ин асар, Садриддин Айнӣ, онро соли 1926 дар шароити муборизаҳои идеологӣ барои исботи ҳастии миллат ва фарҳанги тоҷик таълиф кардааст. Имсол аз нашри ин китоб 100 сол сипарӣ мешавад ва мусоҳиба ҷанбаҳои гуногуни аҳамияти таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии онро бозгӯ мекунад. Ба таъкиди коршинос, ин асар на танҳо як китоби илмӣ, балки як санади муҳими ҳувиятсоз барои миллати тоҷик мебошад.
Дар бахши иҷтимоӣ ба оғози барномаи нави таълимии «E-khonish» дар шаҳри Бохтар таваҷҷуҳ шудааст. Ин барнома ҳамчун як иқдоми муҳим дар роҳи рақамикунонии соҳаи маориф арзёбӣ мешавад.
Маводи дигар ба масъалаи муҳими рӯз баргардонидани занони маҳбуси тоҷик аз зиндонҳои Русия бахшида шудааст. Шароити бозгардонидани ин занонро дар “Тоҷикистон” мутолиа кунед.
Ба як воқеаи ғайриодӣ дар Истаравшан низ ҳафтанома таваҷҷуҳ кардааст. Дар ин шаҳр боздоштгоҳи муваққатии нав бо маблағгузории як соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст. Ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки фарзанди ҳамин соҳибкор қаблан дар ҳамин муассиса нигаҳдорӣ мешудааст.
Дар бахши сиёсӣ, шумора ба таҳлили равобити мураккаби Эрон ва Иёлоти Муттаҳида таваҷҷуҳ кардааст. Дар мусоҳиба бо сиёсатшинос Шералӣ Ризоён масъалаи Ховари Миёна ва ояндаи муносибатҳои ду кишвар баррасӣ мешавад.
Ҳамчунин, изҳороти президенти Амрико Доналд Трамп дар бораи эҳтимоли тамдид нашудани оташбас бо Эрон ва идомаи музокирот мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, барои Эрон беҳтар аст, ки роҳи созишро интихоб кунад.
“Тоҷикистон” ҳамчунин ба Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», ки дар Душанбе баргузор мешавад, таваҷҷуҳ кардааст. Ин ҳамоиш бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардида, беш аз 2000 иштирокчиро аз 50 кишвари ҷаҳон гирди ҳам овардааст.
Дар бахши фарҳангӣ, тақриз ба китоби “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд” пешниҳоди хонандагон шудааст. Муаллиф Шариф Ҳамдампур дар ин асар аз зиндагӣ ва фаъолияти рӯзноманигори маъруф Муродуллоҳи Шерализода қисса мекунад, ки соли 1992 кушта шудааст. Тақриз ба қалами номзади илми филология Сангин Гулов таалуқ дорад.
Яке аз маводҳои илҳомбахш ба зиндагӣ ва фаъолияти табиби тоҷик Фирӯз Баракаев бахшида шудааст, ки дар Беморхонаи Донишгоҳи Йедитепе фаъолият мекунад. Ӯ дар як таҳқиқоти байналмилалӣ оид ба сироятҳои урологӣ саҳми назаррас гузоштааст, ки натиҷаҳои он дар маҷаллаи бонуфузи Journal of Infection and Chemotherapy нашр шудааст.
Шумораи нави ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро аз дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ дастрас кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ