Сарнавишти печидаи як шоҳкори устод Айнӣ

Аз нашри шоҳкори устод Садриддин Айнӣ – “Намунаи адабиёти тоҷик” як аср сипарӣ мешавад. Ин асар дар даврони душвору печидаи таърихӣ арзи ҳастӣ кард ва донишмандон онро ҳамчун “шиносномаи миллати тоҷик” арзёбӣ кардаанд. Дар бораи арзиши ин асар, шароити таълифи он ва сарнавишти печидаву душвораш суҳбате доштем бо адабиётшиноси тоҷик Субҳони Аъзамзод, ки бахше аз пажуҳишҳояш ба шинохти устод Садриддин Айнӣ ва осори ӯ марбут аст.

Субҳони Аъзамзод, адабиётшиноси тоҷик

– Дар таърихи адабиёти тоҷик то «Намунаи адабиёти тоҷик» даҳҳо тазкира мавҷуд аст. Вале мо ин асари устод Садриддин Айниро ҳамчун падидаи нодир ва асари сарнавиштсоз мешиносем. Сабаб дар чист?

Падид омадани «Намунаи адабиёти тоҷик» як саҳифаи хубу ибратомӯзи таърихи адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷикиву форсӣ дар як марҳалаи ҳассос ва идомаи босамари суннати таснифи тазкира дар таърихи адабиёт аст. Равиши гирдоварии мавод аз тазкираҳои пешин, шеваи баҳраҷӯӣ аз онҳо, бозгӯйи равандҳо ва ормонҳои адабӣ ба сабки хос, бознамоии расм ва тариқи шинохти адабиёт дар оинаи нақду сухансанҷӣ дар пайванд бо ҳавзаи нақду наққодии Фарорӯду хориҷ аз он ва ғайра аз қазияҳои муҳим ва мубраманд.

Оғози қарни ХХ дар сарнавишти миллати тоҷик аз ҳар чиҳат давраи ҳассосу созандаест. Набардҳои равшанфикрон барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва дифои ҳастии миллат бисёр сабақангезанд. Аз ҷумла, устод Айнӣ бо талоши хосса дар сафи аввали равшанфикрон мақом дарёфтааст. «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳосили ҳамин талошу пайкорҳо дар ҳифзи ҳастии тоҷик аст.

Аввалин ҳадафи таълифи асар исботи ҳастии таърихии миллати тоҷик ва посух ба даъвову зиддияти фикри пантуркистон дар инкори онон мебошад ва он дар шароити ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз ба миён омадааст. Ин тазкира ба зикри сайри адабии як бахши бузурги адабиёти форсии тоҷикӣ – ҳолнома ва ашъори шоирони форсигӯи ҳавзаи Мовароуннаҳр (Осиёи Миёна) ихтисос дорад ва аз ин ҷиҳат, он танҳо як бахши адабиёти форсиро дар бар мегирад ва дар он вусъату густардагии ҳамин бахш нишон дода шуда ва танҳо ҳамин бахши адабиёти бузурги форсӣ «адабиёти тоҷикӣ» ном ёфтааст. «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри адабиёти форсии ҳавзаи Фарорӯд аз асри Х то замони ба миён омадани он аст.

Бархе бар ин назаранд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» нахустин иқдоми ҷиддии адабиётшиносӣ ва нақди нави тоҷикӣ дар омӯзиши таърихи адабиёт дар ҳавзаи Фарорӯд, гардиши куллӣ дар консепсияи адабиётшиносии соҳиби он аст. Ааз ҷумла, айнишиноси мумтоз Абдулҳай Маҳмадаминов ин китоби пурбаҳоро «нахустин намунаи нақди адабии муосири тоҷик» ва мусаннифи онро «сардафтари тазкиранависии навини тоҷикӣ» медонад.

Бо вуҷуди ин анъанаи тазкиранигорӣ дар ҳавзаи адабии тоҷикӣ пас аз ин асар дигар идома наёфт ва суннати таснифи тазкира бо расму шеваи гузашта аз миён рафт. Маҷмуаи дастҷамъии «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ва дигар китобҳои тазкирамонанд, ки баъдан таҳия шуда ва ба нашр расидаанд, аз лиҳози фарогирии мавод ва ҳадафи тасниф аз «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ тафовут доранд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо дар миқёси фарорафт ба уқдаи наққодӣ бар пояи ин китоб нарасидаанд. Сайри адабии форсии тоҷикӣ пас аз устод Айнӣ намунаи мумтозу мушаххас дар равишу суннати тазкиранигории қадим, ки ба он умқу появу рисолат расад, надорад, аз ин ҷиҳат, «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро метавон намунаи охирин ва ҷамъбасти тазкиранигории форсӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб овард. Баъди ин асар чароғи тазкиранависӣ дар қаламрави тоҷикони Осиёи Миёна ба умқу вусъати гузашта хомӯш монд.

Устод Айнӣ бо баҳрамандии густурда аз имконияти таълиф ва ҷомеияти таснифи тазкираҳо ин намунаро тартиб дода ва он аввалин кӯшиши нишон додани манзараи таърихи адабиёти тоҷик дар замони шуравӣ ва баррасии он аз диди он замон аст, ки ба усули тазкиранигории анъанавӣ иншо гаштааст. Дар он бо адабиёти ҳазорсолаи тоҷикиву форсӣ метавон ошно шуд, ки ҳаққи комили тоҷиконро ба адабиёти гузашта ба сифати як миллати худвежа нишон додааст.

Гуфтед, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» дар марҳалаи печидаи сарнавиштсоз ба миён омад. Ба хонандаи имрӯза муҳиту шароит ва ҳолати рӯҳии устод Айниро дар он шабу рӯз чӣ гуна тасвир кардан имкон дорад?

Оре, осори устод Айнӣ дар марҳалаҳои сарнавиштсози таърих ба миён омада ва онҳо аз беҳтарин намунаҳои таҷассуми зинаҳои шаклёфти миллати тоҷик, қомуси зиндаи ҳаёти Бухороянд, ки бо амиқназарии вежаи таърихӣ, ҷомеашиносӣ ва иҷтимоъгароӣ фарқ доранд. Хидмати беқиёси устод Айнӣ муаррифии матолиби арзишманди манбаъҳои муҳими пешинаанд. Ӯ бо такя ба даҳҳо китоби қадим, саҳифаҳои дастнавиштаҳои душворхони гузаштагон, сатрҳои хираи китобҳои кӯҳна ва фарсуда калиди дари адабиёти қадимро ба ҳамзамонон додааст.

Устод Айнӣ дар таснифи ин асар 80 манбаи муҳимро ба кор бурдааст. Пеш аз оғози кор «Ба ошиқони адабиёти тоҷик муроҷаат» (2-юми марти 1925) карда ва иқрор шудааст, ки «ин кор (таснифи «Намунаи адабиёти тоҷик») нисбат ба иқтидори ман хеле душвор буд, вале такя ба ёрмандии ошиқони адабиёти тоҷик намуда, (онро) қабул кардам». Бо ин ҷоннисорӣ дар муддати беш аз 7 моҳ – дар маҷмуъ беш аз 210 рӯз – аз 2-юми март то 12-уми октябри соли 1925 дигар ягон кореро ба дӯши худ нагирифта ва асаре ба ин бузургӣ ба миён овардааст.

Устод Лоҳутӣ моҳи августи соли 1925 ба манзили устод Айнӣ омада ва дидааст, ки ӯ «дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Устод барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда, дар натиҷа, заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуд».

Дар бораи нақши Абдуқодир Муҳиддинов дар таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» чанд сухан бигӯед.

Албатта устод Айнӣ барои офаридани ин асар заминаҳои вежае дошт. Бо вуҷуди ин, бо назардошти шароити он давра дода «якум коре, ки Абдуқодир Муҳиддинов чун Раиси Ҳукумати Тоҷикистон кард, ин буд, ки ба устод Айнӣ тартиб додани китоберо ба номи «Намунаи адабиёти тоҷик» супурд, то мавҷудияти миллат ва забону адабиёт исбот шавад. Айнӣ ин супоришро ба зудӣ иҷро кард: бо як заҳмати қаҳрамонона таълифи асареро дар ҳаҷми 626 саҳифа дар зарфи ҳафт моҳ анҷом дод».

Бо супориши Абдулқодир Муҳиддинов тартиб ёфтани ин асар баёнгари ғояи сиёсӣ ва ҳадафҳои ҳукумат дар таҳкими ҳастии миллат аст. Устод Айнӣ дар муқаддимаи асар ин ҳадафи сиёсӣ ва супориши таърихиро чунин таъкид намудааст: «Баъд аз таъсис ва барпо шудани ҳукуматҳои миллӣ дар Осиёи Миёна Ҳукумати Ҷумҳурияти Мухтори Тоҷикистон, ки яке аз меваҳои тадбири миллист, барпо шуд. Ҳукумати ҷавони Тоҷикистон дар аввали ваҳла… хост маҷмуае бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр кунад. Дар ин маҷмуа на танҳо осори адибони муосир ё ки шеърҳои инқилобии шоирони ҳозираро, балки порчаҳои адабии шоирон ва муҳаррирони тоҷикро, ки аз замони қадим то ҳол дар Туркистон ва Мовароуннаҳр расидаанд, дарҷ кунад. Бад-ин восита номи гузаштагонро зинда ва ҷавононро ба адабиёт ташвиқ намоянд…». Дар ин ҷо ҳам мо симои Муҳиддиновро мебинем.

Бо анҷоми таълифу танзими асар устод Айнӣ тавонист хидмати бузурги таърихиро ба анҷом расонида, ба маҷмуи даъвоҳои пантуркистон ҷавоби расо ва сазовор гӯяд ва аз назари дигар ғояву идеологияи миллии ҳукуматро дар пайи дарки иштибоҳоти сиёсии соли 1924 амалӣ намояд.

Нашри нави “Намунаи адабиёти тоҷик” аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик

Устод Лоҳутӣ ҳам бо сарсуханаш ба «Намунаи адабиёти тоҷик» хидмати муҳиме дар ин замина анҷом додааст. То куҷо нақши ӯ дар чопи ин асар муассир аст?

Устод Лоҳутӣ шахсияти аъзами ҳаммаслаки устод Айнист ва ӯ арзиши ин асарро дар сарсухани бисёр ҷолиби «Намунаи адабиёти тоҷик» огоҳона ва хеле хуб бозгӯ кардааст. Дар асл ӯ худ пас аз хондани осори адабии Айнӣ «ба он ширинӣ» аз хотираш гузаштааст, ки амири Бухоро «на танҳо золиму мустабид, балки бисёр гӯсолаву безавқ ҳам буда»-аст. Шояд дар ин маврид аз фикри устод Лоҳутӣ гузашта бошад, ки наход амир шахсе монанди устодро 75 чӯб занад. Баъди «зиёрати фозили муҳтарам» дар Самарқанд устод Лоҳутӣ ва дарки моҳияти қазияи тоҷикон дар он давра ӯ худро ба канори устод Айнӣ гирифта, ҳарчи бештар барои арзи ҳастӣ кардани «Намунаи адабиёти тоҷик» камари ҳиммат бастанӣ шуд. Баъди он ки устод Айнӣ ин асарро ҳарчи тезтар тартиб дод ва устод Лоҳутӣ барои нашри ҳарчи зудтари ин асар дар Маскав нақш бозид. Ба шаҳодати бархе аз огоҳони таърих устод Лоҳутӣ ҳатто асарро худаш ҳуруфчинӣ кардааст. Ба ин тариқ соли 1926 дар Маскав – Чопхонаи Нашриёти марказии халқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сусиёлистӣ ин асар чоп шуд. Аммо он нашри асар хеле сернуқсон буд, ки ин исбот шуда, аммо он нуқси нашр на ба мусанниф мансуб аст, балки аз имкони танги нашри он дар нашриёт мебошад. Дар ин бора дар адабиётшиносии мо гуфтугӯи хеле зиёд сурат гирифтааст.

Ҳамин тавр, устод Лоҳутӣ баробари он ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро «беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикӣ» нишон диҳад, илова ба ин асарро «заминаи ҳозирӣ барои танқид ва таҳлилоти адабии тоҷикон» шинохтааст.

Устод Лоҳутӣ аз наққодӣ баҳраманд набудани адабиёти онрӯзаи тоҷикро зикр карда ва китоби устод Айниро дар ин ҷода муқаддимае донистааст. Ин китоб дар таърихи адабиёт ва таърихи миллати тоҷик ҷойгоҳи хос дарёфт. Эътирофи он аз ҷониби муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба унвони сарчашмаи пурарзиш далели боэътимоди ин гуфта аст. Донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ дар кишвари худ тақризи вежае ба ин асар навишта ва онро хуб муаррифӣ кард. Шарқшиноси маъруфи рус Е. Э. Бертелс арзиши асарро дар омӯзишу таҳқиқи таърихи адабиёт махсус дар назар доштааст. Ин нукта дар як номаи устод Лоҳутӣ ба устод Айнӣ омадааст, ки «донишманди муҳтарам профессор Бертелс… марде фозил ва устоде қодир аст… Бисёр шод аст ва аз Шумо мамнун, ки ба воситаи «Намунаи адабиёти тоҷик» басо шоирони Осиёи Миёнаро шинохта ва аз чоп шудани чунин китобе розӣ ҳастанд…».

Ҳамин гуна талошҳои устод Лоҳутӣ барои шуҳрати китоби устод Айнӣ сабақангез аст. Ҳатто, дар замоне ки «Намунаи адабиёти тоҷик» ба интиқоди сахт рӯ ба рӯ шуд, устод Лоҳутӣ низ дар радифи устод Айнӣ танқиди шадиди ҳизбиро шунидааст. Сухан дар бораи он меравад, ки дар анҷумани аввали нависандагони Тоҷикистон маҷмуаи «Намунаи адабиёти тоҷик» дар таснифи устод Айнӣ «яке аз мисолҳои сиёсати саргумӣ»-и Нусратуллоҳ Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев арзёбӣ шуда, ки ин асарро «Айнӣ тартиб додааст ва Лоҳутӣ ҳам ба он сарсухан навиштааст. Ин маҷмуа тахминан ҳазор солро фаро мегирад»…

Яъне «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҳамон замон ба интиқоди шадид рӯ ба рӯ шуд.

Ба хулосаи профессор А. Маҳмадаминов «таърихи адабиёти тоҷик ягон асареро дар ёд надорад, ки дар атрофи он ин қадар баҳсу мунозираи шадиде бархоста бошад». Ин асари устод Айнӣ ба тақризҳои мусбату манфии зиёде дучор омада ва мунозираҳои тезу тунд ҷараён гирифтанд. Арзиши баланди он дар пешгуфтор, мақола, тақризҳои А. Лоҳутӣ, С. Нафисӣ, А. Знаменский, Қ. Очилӣ, Е. Э. Бертелс, А. Дяков, М. Шевердин, Т. Зеҳнӣ, М. Сарвар, П. Сулаймонӣ, А. Хуш, С. Улуғзода ва дигарон бозгӯ шуда, аммо онҳое чун Б. Азизӣ, А. Икромов, Ҷ. Икромӣ, Н. Бухарин, Г. Бройдо ин асарро интиқод кардаанд.

Ба дифои «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ҳаққи муаллиф устод Лоҳутӣ, А. М. Дяков, Е. Э. Бертелс, М. И. Шевердин, А. А. Знаменский камар баста ва ба онҳо имкон шуд, ки ин асарро аз ҳамлаи пантуркистон ва миллатгароии шовинистии гурӯҳҳои дигар ҳимоя намоянд ва низ тақризҳои манфӣ ҷавоби сазовор гиранд. Аз ҷумла намояндаи Комиссариати Халқии корҳои хориҷии СССР дар Ӯзбекистон А. А. Знаменский пас аз вокуниши сахти туркигароёни тоҷикситез ва шиддатёфти мунозираҳои тезутунд ба «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон» воқеъ дар Тошканд фармон дод, ки ба консулгарии генералии СССР дар Ҳирот муроҷиат ва хоҳиш намояд, то тақризе ба асар нависанд. Сипас таъҷилан ба Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП(б) ва КМ ПК Ӯзбекистон нома фиристод ва арзишҳои маънавиву мадании гузаштаро кори бисёр муҳим ва зарурӣ арзёбӣ кард. 

«Намунаи адабиёти тоҷик» асарест дар саргаҳи нақду адабиётшиносии нави тоҷикӣ ва асари дигар ба ин ҳад мавриди ҳуҷумҳои паёпай ва маншаи гуфтугӯю баҳсу мунозираҳои амиқ қарор наёфтааст. Ҳамин ҳуҷумҳо ба ҷони ин китоб нерӯи дучанд бахшиданд ва ба ин шева китоб дарозумрӣ ёфт ва он дар замонаш вазифаи бузурги иҷтимоиро ҳаллу фасл карда, аҳамияти он дар таърихи адабиётшиносии замони нав ҳамеша мавриди гуфтугузори илмӣ хоҳад буд.

Новобаста ба он ки асар ба мушкил дучор омад, тавонист дар фосилаи кӯтоҳ хидмати таърихиашро ба иҷро расонад. Ҳарчанд адади зиёди «Намунаи адабиёти тоҷик» сӯзонида шуд, аммо он кори худро кард. Тири устод Айнӣ ва ҳамкорони ӯ ҳарчи бештар ба нишон расид.

Шояд ҳамин сабабҳо дар миён буданд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» ба «Куллиёт»-и устод Айнӣ дар замони шуравӣ ворид нашуд…

«Намунаи адабиёти тоҷик» асаре дар ҳалқаи нақду адабпажӯҳии форсии тоҷикии ҳавзаи Фарорӯд дар солҳои 20-уми садаи ХХ аст, ки бештар бо як тазкираи дигар – «Тазкори ашъор»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё наздикӣ дорад. Ин ду асар маҳсули маслаки ба ҳам наздики ду ноқиди сухан дар он замон аст. Аммо «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ғирболи танги сиёсатгарии шуравӣ гузаштааст. Ба назари ман ҳамин муносибати танги сиёсиву иҷтимоӣ ва назарногириҳои мафкуравӣ ба мероси адабӣ сабаби ба «Куллиёт»-и устод Айнӣ ворид нашудани ин асар гардид.

Ҳамин амр сабаб шуд, ки аз соли 1926 то соли 2007 «Намунаи адабиёти тоҷик» дар истифодаи васеи аҳли таҳқиқ ва алоқамандони мероси фарҳангӣ қарор надошт. Аввал ин корро дар Эрон Алии Равоқӣ анҷом дод, сипас дар Тоҷикистон ҳам якбора ду нашри асар ба миён омаданд…

Оё «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар Эрону Афғонистон ва дигар қаламравҳои форсигӯён мешиносанд?

Аввалин муаррифигари китоб дар Эрон устод Саид Нафисист. Мақола-тақризи донишманди номии эронӣ Саид Нафисӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар рӯзномаи «Шафақи сурх» [1345, 27 шаъбон = 1927, 3 март] низ нақши ин китобро дар омӯзиши таърихи адабиёти форсизабон ва аҳамияти онро дар таҳқиқи адабиёти нави Осиёи Миёна бозмегӯяд. Чунин бармеояд, ки моҳияти ин асари Айнӣ дар чашмандози С. Нафисӣ хеле равишмандона дарк шудааст.

Ба гуфтаи ӯ «ин китоб шарҳи аҳвол ва мунтахаби гуфтори дувисту бист нафар аз шуарову нависандагон, марду зан аз мардуми ин сарзамини ниёгони мост, ки нахустини эшон Рӯдакии Бухороӣ – падари шеъри порсӣ бошад ва охири онҳо шуарои муосири Туркистон аст.

Тасфиҳи ин китоб, ҳар эронӣ ва порсизабонро аз ёд кардан ва савобиқи  рахшандаи забони порсӣ мағрур мекунад. Барои ҳар касе ки дар адаби порсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз ин китоб бо худ дошта бошад ва бар ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонад».

Дигар василаи шинохти «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Эрон нашри он ба хати форсӣ, чунон ки гуфтем, дар бозхонӣ, танқеҳ ва таҳшияи доктори донишманди эронӣ Алии Равоқӣ аст, ки ӯ ин корро дар сатҳи зарурӣ анҷом додааст. Дар пешгуфторҳои А. Шеърдӯст, М. Шакурӣ, К. Айнӣ ва А. Равоқӣ ба ин нашр ҷойгоҳи адабпажӯҳӣ ва наққодии «Намунаи адабиёти тоҷик» дақиқу мушаххас арзёбӣ шудаанд. Тасҳеҳгари эронӣ бисёр нуқсу камбудҳои нашри аввалинро ислоҳ кардааст.

Барои шинохту дарки бештар ва беҳтари «Намунаи адабиёти тоҷик» чӣ бояд кард?

Дар Тоҷикистон бори аввал «Намунаи адабиёти тоҷик» ба кириллӣ бо назардошти фарогирии порчаву фирқаҳо ва бе ҷой додани намунаҳои шеъри шоирони гузаштаву имрӯза дар таҳияи адабиётшинос А. Набавӣ ва Ф. Набиев сурат ёфтааст.

Ниҳоят, нусхаи нахусти комили илмии «Намунаи адабиёти тоҷик» бо кӯшиши К. Айнӣ ва Н. Қосим дар баргардонии А. Ҳоҷиев ба сифати ҷилди 16-уми «Куллиёт»-и устод С. Айнӣ дар интишороти «Mеga Вasim»-и Туркия ба нашр расидааст. Дар ин муддат асар дар нашриёти «Адиб» низ ба кириллӣ бо тасҳеҳи М. Акбарзод ба зевари табъ ороста шуд.

Яъне мо барои таъйини ҷойгоҳи ин асари устод Айнӣ 4 нашри комилу 1 нашри фишурда дорем. Имрӯз нашри нави «Намунаи адабиёти тоҷик» анҷом ёфтааст, ки хурсандиовар аст.

Чаро баҳрамандӣ аз чанд нусхаи гуногун муҳиму муфид аст?

Шак нест, нашри аввали маскавии «Намунаи адабиёти тоҷик» ғалат ва иштибоҳи зиёд дорад ва аслан он чандон матни саҳеҳ нест. Донишманди эронӣ, таҳиягар ва ношири китоб дар Эрон Алии Равоқӣ зимнан ба ин ҷанбаи тазкираи устод Айнӣ бетаваҷҷуҳ набуд ва дар пешгуфтори ин нашр ҳиммату ҳавсалаи интиқодиашро аз дастрасӣ ба нусхаи нисбатан саҳеҳи тазкира ва ислоҳи ғалатҳои он огоҳонаву мудаққиқона зикр карда ва «шуморе аз нодурустиҳои чопиро (чопи Маскав – С. А.) аз он дур ва бархе аз норасоиҳои маъноиро равшан» ба миён ниҳода буд.

Аз ин рӯ, нашри нави «Намунаи адабиёти тоҷик» бо назардошти «ислоҳ ва изофоте, ки устод Айнӣ ба он пардохтаанд» (К. Айнӣ), ҷолиб ва шоистаи таваҷҷуҳ буд. Чуноне аз як номаи устод Айнӣ (1948) ошкор шуд, майлу нияти эҷодии ӯ низ ҳамеша ба алоқамандони мероси адабӣ фароҳам овардани нусхаи саҳеҳ ва холӣ аз ғалат, ба ин васила, нигаҳдошти амонати таърихи адабиёт ба ҳисоб меёфт. Устод Айнӣ худро «танҳо дар он хусус манфаатдор ва ҳақдор» донистааст, ки матни китоб дурусту рост бошад.

Дар хусуси нақду тасҳеҳи нави илмии тазкираи мазкур як мақолаи бисёр арзишманд аз профессор Абдулманнон Насриддин низ дорем, ки пешниҳоде чанд барои нашри нав дар асоси 90 саҳифаи асар ба миён ниҳодааст.

1. Истифода аз нусхаҳои гуногун дар замони мо барои дарки дуруст ва комили андешаҳои мусаннифи тазкира арзишманд аст…

2. Барои дарку фаҳмиши васеи адабиётшиносӣ ва наққодӣ насли нави таҳқиқ ҷавҳари «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бояд баҳрамандона омӯзанд.

3. Дар оянда шарҳу тафсирҳо ва донишномаҳо дар заминаи «Намунаи адабиёти тоҷик» ба миён оварда шаванд. Ин кор ҳам заминаи муҳим барои арҷгузорӣ ба асар ва сабаби огоҳии наслҳои баъдӣ бо арзишу фазилатҳои он хоҳад буд.

Мусоҳиб Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *