Сафирони навтаъйини хориҷӣ ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супориданд
Имрӯз, 15 апрел дар Қасри миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
Зимни маросим ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Ирфон Аҳмед, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдулло Аш-Шамронӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср Тамер Фатхӣ Абдуссалом Ҳаммад, Ҷумҳурии Италия Гвидо Де Санктис, Шоҳигарии Белгия Эрик Де Майер, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Фред Сеневиратне, Ҷумҳурии Зимбабве Грей Маронгве, Ҷумҳурии Малӣ Сейду Камиссоко ва Гвинеяи Экваторӣ Ндонг Айекаба Лусиано Нкого эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар додааст.


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат аз робитаҳои фаъоли дипломатӣ бо 186 кишвари ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, изҳор дошт, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ метавонанд ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкории миёни кишварҳои мо ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ