Талаби Эрон аз кишварҳои арабӣ барои ҷуброни хисорот
Эрон аз панҷ кишвари арабии минтақа – Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Баҳрайн ва Кувайт талаб кардааст, ки хисороти расидаро ҷуброн намоянд.
Ин талабот дар номае аз ҷониби сафири Эрон дар СММ Амирсаид Ирвонӣ ба дабири кулли созмон Антониу Гутерриш ирсол шудааст.
Ба гуфтаи ҷониби Эрон, ин кишварҳо набояд иҷоза медоданд, ки қаламравашон барои анҷоми ҳамлаҳо истифода шавад ва бо ин амал ӯҳдадориҳои байналмилалии худро нақз кардаанд.
Ҳанӯз вокуниши расмии кишварҳои номбурда ба ин иддао нашр нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ