Трамп: Музокироти Амрико ва Эрон мумкин аст дар ду рӯзи наздик баргузор шавад
Президенти Амрико Доналд Трамп изҳор доштааст, ки эҳтимол даври нави музокирот миёни Вашингтон ва Теҳрон тайи ду рӯзи наздик баргузор шавад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол ин гуфтугӯҳо боз ҳам дар Покистон доир гарданд.
Трамп рӯзи 14 апрел дар суҳбат бо рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк Пост” гуфт: «Мумкин аст дар ду рӯзи оянда иттифоқе рух диҳад ва мо бештар майл дорем, ки ба он ҷо (Покистон) равем».
Ӯ ҳамчунин аз нақши фармондеҳи кулли артиши Покистон Осим Мунир ситоиш карда, афзуд, ки “ӯ корашро олӣ анҷом медиҳад”.
Қаблан даври аввали музокироти миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дахолати Покистон, аз ҷумла сарвазир Шаҳбоз Шариф ва фармондеҳи артиш Осим Мунир дар Исломобод баргузор шуда буд, аммо бенатиҷа анҷом ёфт.
Дар ҳамин ҳол, мавқеи расмии мақомоти Эрон дар бораи баргузории даври дуюми гуфтугӯҳо ҳанӯз маълум нест. Хабаргузории “ИРНА” бо такя ба манбаъҳои худ навиштааст, ки Теҳрон то ҳол тасмими ниҳоӣ дар ин замина нагирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ