Тоҷикистон имсол 5500 коргари хориҷиро ҷалб мекунад
Президенти Тоҷикистон фармоне имзо кард, ки тибқи он дар соли ҷорӣ 5500 коргари хориҷӣ барои кор дар кишвар ҷалб карда мешаванд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 500 нафар камтар мебошад.
Фармон ба танзим ва ташкили равандҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Тибқи санад, шаҳрвандони хориҷие, ки дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва созишномаҳои сармоягузорӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ фаъолият мекунанд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд.
Ҳудуди 62 дарсади квота ба шаҳрвандони Чин рост меояд. Ҳамчунин, тақрибан 60 дарсади коргарони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Бештари коргарон дар соҳаҳои саноат ва сохтмон ба фаъолият ҷалб мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ