«Ҳафтаи илм» – платформаи муҳими рушди илму маориф дар ДМТ
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии анъанавӣ таҳти унвони «Ҳафтаи илм» оғоз гардид. Ҳамоиши илмии имсола ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба ҳайси платформаи муҳими илмӣ барои баррасии дастовардҳо ва дурнамои рушди илму маориф арзёбӣ мегардад.
Дар маросими ифтитоҳ, ки 14 апрел баргузор шуд, ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ заминаи мусоиди рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам оварда, саҳми ҷомеаи илмӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва тарбияи насли донишманду ватандӯст назаррас мебошад.






Зимни ҳамоиш маърӯзаҳои илмии профессор Сироҷиддини Эмомалӣ, дотсент Ғаффорзода Алишер Бобобек ва дотсент Умаров Абдуллохоҷа Қурбонхоҷаевич шунида шуданд, ки ба масъалаҳои адабиёт, зеҳни сунъӣ ва рушди илму маориф бахшида буданд.
Бино ба маълумоти ДМТ, дар доираи «Ҳафтаи илм» баргузории 2760 маърӯза дар 233 бахш ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1258 маърӯзаи устодону кормандон ва 1502 маърӯзаи донишҷӯён пешниҳод мегарданд.
Конференсия аз 14 апрел оғоз гардида, то 20 апрел идома хоҳад ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ