270 миллиард доллар хисорот ба Эрон

Мақомоти Эрон зарари расида аз ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроилро 270 миллиард доллар арзёбӣ карданд.

Намояндаи расмии ҳукумат Фотима Муҳоҷиронӣ гуфтааст, ки ин рақамҳо ҳоло тахминӣ буда, ҳисобҳои дақиқтар баъдтар пас аз анҷоми марҳилаҳои арзёбӣ пешниҳод мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал хисороти расида ба биноҳо ҳисоб карда шуда, сипас талафоти даромад ва паёмадҳои боздошти фаъолияти корхонаҳо таҳлил мегарданд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳайати музокиракунандаи Эрон масъалаи пардохти ҷуброни зарари ҷангиро аз ҷониби ИМА низ баррасӣ мекунад.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ низ хисороти молӣ расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *