14 – апрел зодрӯзи муаррих ва рӯзноманигор Муродуллоҳ Шерализода

14 апрел зодрӯзи Муродуллоҳ Шерализода, муаррих ва рӯзноманигор, нахустин сардабири рӯзномаи парлумони кишвар – “Садои мардум” ва вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон аст. Марҳум, агар зинда мебуд, имрӯз 81-сола мешуд. Дар ин рӯз месазад, аз чорабиниҳои соли гузашта ёдовар шавем.

Соли гузашта, бахшида ба 80-солагии Муродуллоҳ Шерализода ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шуруъ аз моҳи апрел то поёни сол, пораҳои китоби сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур – “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”-ро нашр кард. Ин асар баъдан ба шакли китоб бо теъдоди 1500 нусха нашр ва дастраси хонандагон гардид.

5 май дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” маросими ёдбуди Муродуллоҳ Шерализода баргузор шуд, ки дар он намояндагони Парлумони кишвар, Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО ва дигар рӯзноманигорон иштирок карданд. Ҳамчунин, Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ба устодои факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Мурод Муродӣ супорида шуд.

Давоми сол бо ташаббуси мақомоти шаҳри Панҷакент, махсусан раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар зодгоҳи Муродуллоҳ Шерализода – деҳаи Кулолӣ корҳои таъмиру тармими осорхона ва мазори марҳум оғоз шуд.

Мардуми деҳа ба ин кори хайр ҳамроҳ шуда, мактаби деҳа, толори варзишӣ ва китобхонаро обод карданд. Ҳамин тавр, моҳи октябр бо иштироки вакилони парлумон, намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндаи ҳукумати вилояти Суғд, рӯзноманигорон ва меҳмонон дар шаҳри Панҷакент ва деҳаи Кулолӣ чорабинии бошукуҳ баргузор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *