Дар Бохтар барномаи E – khonishроҳандозӣ мешавад
Дар шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон барномаи E – khonish муаррифӣ ва ифтитоҳ гардид. Амалишавии барномаи мавриди назар дар рушди соҳаи маориф ва дар гузариши пурра ба технологияи муосири таълимӣ мусоидат мекунад.
Дар маросими ифтитоҳи барномаи E – khonish Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва дигар раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. Ҳамчунин, масъулин бо шароити фароҳамгардида ва имконияту бартариҳои барномаи E – khonish шинос гардиданд.


Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маориф дар шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки бо чунин барнома, сифати таълим боз ҳам беҳтар гардида, мутахассисони донишманду ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир омода мешаванд.
Ӯ мегӯяд, Маркази омӯзишии платформаи E – khonish бо таҷҳизоти муосир муҷаҳаз аст.
Чанд соли охир дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар шароити таълим ба таври чашмрас беҳтар гардида, натиҷаҳои хонандагон ҳам назаррас аст. Бо рақамикунонии ин соҳаи муҳим ва афзалиятнок, умед аст, ки минбаъд низ дастовардҳо зиёд мешаванд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ