Душанбе майдони ҳамкориҳои ҷаҳонӣ барои рушди устувор

14 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» расман оғоз гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, шарикони рушд ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Форум бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода оғоз ёфт. Номбурда аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешбурди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои ҳушмандро таъкид намуд.

Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва дигар шахсони расмӣ  иштироку суханронӣ карданд.

Зикр гардид, ки форум ҳамчун платформаи муҳими мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат намуда, ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Интизор меравад, ки дар доираи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои муҳокимавӣ ва мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардида, масъалаҳои калидии рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *