Шаҳиди роҳи адолат. Гиромидошти 80-солагии Муродуллоҳ Шерализода дар шаҳри Панҷакент (видео)
“Соли 1958. Деҳаи Панҷрӯд – зодгоҳи Одамушшуаро серодам аст. Меҳмонон аз дохилу хориҷ ба таҷлили ҷашни 1100-солагии устод Рӯдакӣ омадаанд. Наврасе бо садои марғуладор “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”-ро қироат кард. Донишманди бузурги Эрон Саид Нафисӣ аз қироати зебои шеъри устод Рӯдакӣ ба шӯр омад ва наврасро ба оғӯш гирифта, аз пешониаш бӯса кард ва ба ӯ дуои нек дод. Ин наврас Муродуллоҳ Шералиев, хонандаи мактаби деҳаи Кулолӣ буд…”,- ба ёд меорад Холиқул Ҷӯраев, дӯсти Муродуллоҳ Шерализода ва ба меҳмонон рӯй оварда, идома медиҳад: “Чӣ хуб аст, ки бузургдошти 80-солагии Муродуллоҳ низ аз Панҷрӯд оғоз шуд…”.
Меҳмонон, ки нав аз Душанбеву Хуҷанд ва Самарқанд ба Панҷрӯд расидаанд, хотироти Холиқул Ҷӯраевро бодиққат гӯш медоданд. Чун сухан аз қироати шеъри устод Рӯдакӣ рафт, сиёсатмадор ва дипломати номвар Эркин Раҳматуллозода бо ҳаяҷон қироат кард:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон…
Мирзомаҳмуд Мирбобоев, собиқадори матбуот ва дӯсти наздики Муродуллоҳ Шерализода идома дод:
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.


Рӯзноманигорон Ворис, Шариф Ҳамдампур, Ҳотами Ҳомид, Бузургмеҳри Тоҷиддин бо навбат байтҳои устод Рӯдакиро ба ёди Муродуллоҳ Шерализода қироат мекарданд.

Пас аз зиёрати Оромгоҳи устод Рӯдакӣ меҳмонон – вакилони парлумон, рӯзноманигорон, ходимони давлатӣ ва дӯстону ҳамкорони марҳум Муродуллоҳ Шерализода ба мактаби рақами 7-и деҳаи Кулолӣ омаданд. Мактабе, ки 8 даҳсола пеш наврасе нахустин бор пой бар остони он гузошт, бол баровард ва парвоз кард ба сӯйи орзуҳо. Факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм карда, нахуст дар рӯзномаи маъруфи “Маориф ва маданият”, баъдан дар Институти таърихи ҳизби КМ ҲК ба ҳайси тарҷумон ва баъдан ходими илмӣ, дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шарифи Афғонистон ба ҳайси тарҷумон, дар шуъбаи равобити байналмилалии КМ ҲК, ёвари Котиби якуми ҲК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов кор кард. Обрӯву нуфуз ёфт. Рисолаи илмӣ дифоъ кард. Вакили Шурои Олӣ ва нахустин сармуҳаррири нашрияи парлумонии “Садои мардум” интихоб шуд… Вале… 5-уми майи соли 1992 дар саҳни Шурои Олӣ ҳадафи тир қарор гирифт. Ӯ ҳамагӣ 47 сол дошт…


… Мактаби деҳаи Кулолӣ ба муносибти ҷашни 80-солагии Муродуллоҳ Шерализода бо ташаббуси мақомоти шаҳри Панҷакент, соҳибкорону сокинони деҳа таъмир карда шудааст. Синфхонаҳои фаннӣ, китобхона ва варзишгоҳи замонавӣ дар муддати хеле кӯтоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд…




Меҳмонон дар пояи нимпайкараи Муродуллоҳ Шерализода гулчанбар гузоштанд. Ин ҳамон нимпайкараест, ки соли 1993 бо ташаббуси раиси вақти Шурои Олӣ ва ҳоло Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохтаву якҷо бо оромгоҳ ва хона-музейи марҳум ифтитоҳ гардида буд…



Раиси шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдухолиқ Холиқзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид кард:
– Пешвои муаззами миллат соли 1993 дар маросими ифтитоҳи хона-музейи ходими давлатӣ, журналисти варзида, нахустин сардабири рӯзномаи “Садои мардум “, аввалин қурбонии роҳи мубориза барои мустаҳкам намудани давлату ҳукумати қонунии Тоҷикистон Муродуллоҳ Шерализода сухан карда, гуфтаанд: “Муродуллоҳ барин шахсони наҷиб рӯзгори худро бидуни хизмати халқ тасаввур карда наметавонистанд. Ӯ воқеан ҳам донишманди фозил, фарзонамарди соҳаи фарҳангу маданият, арбоби барҷастаи давлатӣ буда, таҳким бахшидани дӯстию бародарии ҷовидонаи тамоми халқҳою миллатҳои ҷумҳуриамон, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳадафи волои худ ҳисобида буд”.




Пирони деҳа Бобомурод Бутазода, Холиқул Ҷӯраев, Иноят Азизмуродов дар суханрониҳояшон дар бораи Муродуллоҳ Шерализода, даврони кӯдакиву наврасиаш дар деҳа, шахсияти ҳалиму хоксор ва меҳрубон буданаш ва дар ҳама ҳолат барои арзишҳои давлатӣ мубориза бурданаш таъкид карданд.
– Соли 1990 дар арафаи интихоботи депутатии Шурои Олӣ барои корҳои ташвиқу тарғиб Муродуллоҳ ба деҳа омад. Шаб барфи зиёд борид. Дар деҳаи Артуч будем, ки аз радио хабари нооромиҳои февралиро доданд. Муродуллоҳ шабона ба роҳ баромад. Гуфт дар ин вазъи душвор набояд Қаҳҳор Маҳкамовро танҳо гузорад, зеро ӯ ёрдамчии сарвари кишвар буд. Ӯ чунин нафари фидоӣ буд,- ба ёд овард пири 94-солаи деҳаи Кулолӣ Иноят Азизмуродов.
Дар идома меҳмонон бо роҳнамоии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз хона-музейи Муродуллоҳ Шерализода, ки дар ҳавлии падарии марҳум бунёд шудааст, боздид карданд. Ин хона-музей низ соли 1993 бино шуда, солҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буд. Инак, бо маблағгузории ҳукумати шаҳр он таъмиру азнавсозӣ шуд ва дубора дарҳояш ба рӯйи меҳмонон боз гардид.


Рӯзноманигори шинохта, раиси Шурои ВАО Ҳуринисо Ализода пас аз тамошои хона-музей гуфт: “Муродуллоҳ Шерализода аввалин шаҳиди роҳи давлати конститутсионӣ аст, ки ба хотири оромонҳои миллӣ ва арзишҳои конститутсиониро ҳимоя кардан кушта шуд. Шояд насли нав надонад, ки ӯ кӣ буд ва дар таърихи Истиқлоли Тоҷикистон киҳо барои Ватан ҷоннисорӣ карданд. Баргузории чунин чорабиниҳо ва боз шудани чунин хона-музейҳо бисёр муҳим аст, барои тарбяи насли наврас, барои он ки онҳо ба таърих арҷ гузоранд ва дар бораи чунин шахсони фидоӣ маълумот дошта бошанд…”.



Яке аз шахсиятҳои маъруфи Самарқанд Амина Шарофиддинова, ки ҳамроҳ бо рӯзноманигорони маъруфи рӯзномаи “Овози тоҷик” Мирасрори Фарғонӣ ва Зоҳир Ҳасанзода меҳмони ин ҷашн буданд, дар суханрониаш таъкид кард: “Ман Муродуллоҳ Шерализодаро мешинохтам. Бо ин марди бузург ду маротиба дидору мулоқот доштам, вале гумон намекардам, ки ба ин зудӣ ӯро аз даст медиҳем. Ман эшонро ба сифати эталон қабул карда будам. Аз гуфтору пиндорашон як инсони заминӣ ва самимӣ буданд…”.
Дар идома раиси шаҳри Панҷакент, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Далери Абдулло, собиқадори матбуот Мирзомаҳмуд Мирбобоев, сиёсатмадор Эркин Раҳматуллозода низ дар бораи марҳум Муродуллоҳ Шерализода сухан гуфтанд.
Шоира Меҳринисо ин суханрониҳоро бо як шеъраш, ки руҷӯйи Муродуллоҳ Шерализода аст, ҷамъбаст намуд:
Агар бо ман насозад нокасе, хайр,
Диламро бишканад хору хасе, хайр,
Агар мирад умедам нимаи роҳ,
Шавам навмед аз дилвопасӣ, хайр.
Ватан тинҷу амон бошад, кифоя,
Шукӯҳу шавкату номи бузургаш
Дар олам ҷовидон бошад, кифоя.
Дар поёни рӯзи 26-уми ноябр меҳмонон оромгоҳи нав бо маблағгузории мақомоти шаҳри Панҷакент бозсозишудаи Муродуллоҳ Шерализодаро зиёрат карданд. Пас аз ин, меҳмонон аз дастовардҳои фарҳангии Панҷакент – осорхонаи шоир Мастон Шералӣ дар деҳаи Зери Ҳисор, хона-музейи шоир Файзулло Ансорӣ дар деҳаи Некнот, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башаро, ки ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО шомил аст ва хона-музейи устод Лоиқ дар деҳаи Мазори Шариф дидан карданд.


Субҳи рӯзи 27-уми ноябр толори бошукӯҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент серодам буд. Рӯзноманигорони маъруфи кишвар Зиннатуллоҳ Исмоилзода, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Раҷаби Мирзо, Ҳуринисо Ализода, Хуршеди Атовулло, Қурбоналӣ Раҳмонзода, Мардони Муҳаммад, Бузургмеҳри Баҳодур, Гулноз Бобомуродова, Қироншоҳ Шарифзода, Мурод Муродӣ, Сангин Гулзод, Ворис, Ҳотами Ҳомид, Фазлиддин Асозода, Усмон Раҳимзода, Синои Холиқ, Раҳими Карим, А. Собир, Бобо Холмуродзода, Амина Шарофиддинова, Мирасрори Фарғонӣ, Зоҳир Ҳасанзода ва дигарон аз Душанбеву Хуҷанд ва Самарқанду Тошканд барои таҷлил аз 80-солагии Муродуллоҳ Шерализода ва ширкат дар ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Муродуллоҳ Шерализода – ходими давлативу ҷамъиятӣ” ба ин ҷо ташриф оварда буданд.




Ҳамоишро муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ифтитоҳ карда, дар идома раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода, раиси Иттифоқи жуналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур, собиқ мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллозода, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, муовини сардабири рӯзномаи “Садои мардум” Далер Абдулло, доктори илми филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода, ходими давлативу сиёсӣ Абдуҳалим Ғаффорзода, шоир Исмоил Зарифӣ, сармуҳаррири нашрияи “Зарафшон” Луқмон Қурбон, ходимони давлативу сиёсӣ Абдусаттор Ҷабборов ва Шириншоҳ Шафоатов ва дигарон суханронӣ карданд.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар суханронии хеш таъкид кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳнамоиҳои раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ифтихори 80-солагии ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, рӯзноманигор, собиқ сардабири рӯзномаи “Садои мардум” ва вакили Шурои Олии Тоҷикистон Муродуллоҳ Шерализода баргузор мешавад. Холиқзода зимни суханронии хеш ёдовар гардид, ки Муродуллоҳ Шерализода дар фаъолияти рӯзноманигорӣ намунаи масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба арзишҳои инсондӯстӣ ва одобу ахлоқи ҳамида буд.
Исмоилзода Зуфар, муовини раиси вилояти Суғд дар суханронии хеш қайд кард: “Муродуллоҳ Шерализода дар айни камолот, дар синни 47-солагӣ, 5-уми майи соли 1992 аз ҷониби гурӯҳҳои мухолифин ва манфиатҷӯ ҳадафи тир қарор гирифт. Ӯ чун рамзи ҳақиқат, донишманди комил, сиёсатмадори варзида, рӯзноманигори соҳибном шинохта шуда, номи некаш дар қалбҳои мо зинда аст”.
Дипломат ва сиёсатмадори номвар Эркин Раҳматуллозода, ки аз солҳои 80-ум, аз замони фаъолияташ дар вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии кишвар бо Муродуллоҳ Шерализода риштаи дӯстӣ дошт, дар суханрониаш марҳумро бародар хонд: “Бародаре, ки сирати зебояш таҷаллии сифоти ҳамида буду як назар ба сурати дилҷӯяш то имрӯз ормони дӯстони ба орзу норасида. Бародаре, ки дар муқобили такопую ҳаёҳуи як идда кӯтоҳназарон рафтору гуфтору кирдораш ҳамагӣ ҳурмузӣ буд, нек мегуфту нек мекард ва мепиндошт, ки посухи дунёи дунпарвар низ нек хоҳад шуд.
Ҳайҳот, ки:
Назди арбоби яқин дори фано ҷое нест,
Ватани аслии ин тоифа ҷойи дигар аст.
Ҳақову ҳаққо. Худованди муттаол ҷаннатулмаъворо насиби ту гардонад, бародари ба ҷону дил баробарам Муродуллоҳи Шерализода”.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Парвиз Шодизода дар идома гуфт: “Ҳаёт ва фаъолияти Муродуллоҳ Шерализода барои мо намунаи ибрат аст, зеро дар синну соли ҷавонӣ ин сиёсатмадор, олим ва рӯзноманигор тавонист вакили Шурои Олӣ гардад. Ҳамчун аввалин сармуҳаррири рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” интихоб гардида, дар муддати кӯтоҳ онро ҳамчун рӯзномаи хеле муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ муаррифӣ кунад…”.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода зимни суханрониаш қатли Муродуллоҳ Шерализодаро оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард: “Рӯзи қатли Муродуллоҳ Шерализода – 5 майи соли 1992 амри тасодуф набояд бошад, зеро рӯзи оғози ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар Тоҷикистон низ буд. Нахустин задухӯрдҳои мусаллаҳона он рӯз дар минтақаи Оли Совети ноҳияи онвақтаи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) рух дода буданд…”.
Шириншоҳ Шафоатов, вакили Шурои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум, ки дар рӯзи охирини умраш ҳамроҳи Муродуллоҳ Шерализода буд, хотироти он рӯзро чунин ёдоварӣ кард: “Рӯзи 5-уми май буд. Ҳар дуямон ба майдони “Озодӣ” баромадем, зеро сокинони Панҷакент ҳам ба майдон омада буданд. Бо онҳо суҳбат кардем. Муродуллоҳ парешон буд. Ба онҳо гуфт, ки “вазъият бекора, ба хонаҳоятон баргардед”. Соат 2 шуда буд. Гуфтам, ки биёед, ягон ҷо хӯроки нисфирӯзӣ хӯрем. Фикр карданду гуфтанд: “Шириншоҳ, дӯстам, ман дар назди шумо қарздор, лекин ҳозир чанд масъулият дар гардани ман бор, бо шумо рафта наметавонам…”. Баъди чанд лаҳза хабар омад, ки Муродуллоҳро дар саҳни Шурои Олӣ паррондаанд. Ӯ шахсан сиёсати давлатро пеш мебарам гуфта ҷон дод. Агар ҳамон лаҳза хӯрокхӯрӣ мерафтем, шояд ҳамон ҳодиса рух намедод…”.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” қатли Муродуллоҳ Шерализодаро амали ҳадафмандона номид: “Мутаассифона, баъди Муродуллоҳ Шерализода Муҳиддин Олимпур ва пас аз он Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳадафи тири душманон қарор гирифтанд. Яъне як давраи мудҳиш буд, ки гулчин карда, саромадони журналистикаи муосирро ҳадафи тир қарор доданд…”.
Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бузургдошти хотираи Муродуллоҳ Шерализодаро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард. “Тайи чанд рӯз аст, ки ба баракати ин иқдом ва ба баракати исми шарифи Муродуллоҳ Шерализода тамоми аҳли эҷод дар яке аз марказҳои фарҳангии бостонии мо – шаҳри Панҷакент ҷамъ омадаанд. Ин далели он аст, ки дар Тоҷикистон ба қадри эҷодкор, ба қадри заҳмати эҷодкор мерасанд…”,- гуфт номбурда.
Дар доираи ин ҳамоиш китоби журналист ва публитсист Шариф Ҳамдампур – “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”, ки ба ҳаёту фаъолияти Муродуллоҳ Шерализода бахшида шудааст, рӯнамоӣ ва ба иштирокчиён тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми маҳфил барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани 80-солагии Муродуллоҳ Шерализода раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода сарфароз гардонида шуд.
Одил НОЗИР
Панҷакент – Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ