Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод. 21 соат гуфтугӯ бенатиҷа анҷом ёфт
Музокирот байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон, ки дар Исломобод баргузор шуд, бидуни дастёбӣ ба созиш ба поён расид.
Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико ва раҳбари ҳайати музокиракунанда гуфт, ки гуфтугӯҳо тақрибан 21 соат идома доштанд ва “ҷиддӣ ва пурмазмун” буданд, аммо ҷонибҳо ба тавофуқи ниҳоӣ нарасиданд.
Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон пешниҳоди “ниҳоӣ”-и худро ба Теҳрон ироа кардааст ва акнун интизор меравад, ки ҷониби Эрон ба он посух диҳад. Венс таъкид кард, ки пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҳадафи асосии сиёсати Доналд Трамп мебошад.
Дар навбати худ, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки ҳарчанд дар баъзе масъалаҳо пешрафт ҳосил шуд, аммо дар чанд мавзуи калидӣ ихтилоф боқӣ монд.
Ӯ таъкид кард, ки бо назардошти фазои беэътимодӣ ва танишҳои қаблӣ, ба даст наомадани созиш дар як нишаст ғайримунтазира нест.
Пас аз анҷоми музокирот, ҳайатҳои ҳарду кишвар маҳалли баргузории гуфтугӯҳоро тарк карданд. Бо вуҷуди бенатиҷа анҷом ёфтани ин давр, эҳтимол меравад талошҳои дипломатӣ миёни ҷонибҳо идома ёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ