Боздошти сароянда дар Душанбе бо гумони ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ
Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як занро бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба танфурӯшӣ боздошт карданд.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда Раҳимова Хуршеда Иброҳимовна, соли таваллудаш 1988, сокини пойтахт буда, тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавондухтарон даромада, онҳоро бо ваъдаҳои гуногун ҳам дар дохили кишвар ва ҳам ба хориҷ бурда, маҷбур ба анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ мекардааст.
Айни замон як қатор чунин ҳолатҳо ошкор шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Тафтишоти парванда идома дорад.
Мақомот аз шаҳрвандон, бахусус онҳое, ки эҳтимол аз амалҳои номбурда зарар дидаанд, хоҳиш мекунанд ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд ё тавассути рақами (+992) 018-02-02-02 хабар диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ