Канзи шифо. 5 бемории апрелӣ
Апрел дувумин моҳи фасли баҳор буда, ҳаво нисбатан гарм ва табиат торафт зеботар мешавад, вале бепарвоӣ накрада, дар ин айём ба саломатии худ диққати ҷиддӣ додан лозим аст, зеро баъзе бемориҳое ҳастанд, ки маҳз дар ҳамин давра авҷ мегиранд.
Ҳаво хуб аст, пас чаро бемор мешавем?
Бисёриҳо ҳайрон мешаванд, ки чаро дар моҳи апрел, ки ҳаво дигар мисли пештара сарду намнок нест, кас ба ҳар хел бемориҳо гирифтор мегардад. Сабаби асосиаш дар он аст, ки пас аз зимистон организми инсон заиф гашта, ба муқобили вирусу микроб ва барангезандагони бемориҳо фаъолона мубориза бурда наметавонад. Меваю сабзавот низ дар ин давра витамину энергияи худро гум мекунанд. Тағйирёбии якбораи фишори атмосферӣ ва зиёд шудани радиатсияи офтоб омилҳои дигари хуруҷи бемориҳои гуногуни баҳорӣ мебошанд.
5 бемории апрелӣ
Имрӯз мо дар бораи 5 беморие маълумот медиҳем, ки дар моҳи апрел бештар хуруҷ карда, ҳоли касро табоҳ гардонида метавонанд.
Мехоҳед донед, ки инҳо кадом бемориҳоянд ва барои пешгириашон чӣ бояд кард? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
1. Захми меъда
Шахсоне, ки захми меъда доранд, бояд дар моҳи апрел хеле эҳтиёткор бошанд, зеро ин беморӣ маҳз дар ҳамин давра бештар авҷ мегирад. Сабаби дар ин давра хуруҷ намудани бемории мазкурро табибон то ба ҳол ба пуррагӣ муайян накардаанд, вале ҳушдор медиҳанд, ки шахсони захми меъда дошта бояд ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро истеъмоли хӯрокҳои сахту бирёнӣ ё асабонияти шадид метавонад боиси хуруҷи шадиди беморӣ гардад. Ҳолатҳое мешаванд, ки зарурати гузаронидани ҷарроҳии фаврӣ пеш меояд. Дар сурати бидуни ҷарроҳӣ бомуваффақият бартараф карда шудани хуруҷи дард низ дар меъда ё рӯда метавонад боз як захми нав пайдо шуда, ҳазми хӯрокро душвортар созад, бинобар ин, эҳтиёт шудан шарт аст.
Чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама ба парҳез риоя намоед. Аз хӯрдани хӯрокҳои сахт, бирёнӣ, хамирӣ ва дигар ғизоҳои дерҳазм, махсусан равғани ҳайвонот худдорӣ намоед. Кӯшиш кунед, ки асабатон ором бошад. Ба ҳар майда-чӯйда аҳамият надиҳед, зеро яке аз сабабҳои асосии хуруҷи захми меъда асабонияти шадид мебошад.
2. Бемориҳои рӯҳӣ
Дар моҳи апрел аксарияти одамон ба депрессия гирифтор мешаванд. Ин давра махсусан барои шахсоне, ки ба ягон бемории рӯҳӣ гирифтор ҳастанд, давраи нозук аст, зеро маъмулан дар моҳи апрел касалиҳои рӯҳӣ якбора авҷ мегиранд. Сабаби хуруҷи бемориҳои рӯҳиро табибон ба вайрон шудани соати биологӣ ва тағйирёбии реҷаи рӯшноӣ рабт медиҳанд.
Агар шахс худ ба худ якбора аз зиндагӣ дилсард гашта, дасташ ба ягон кор пеш наравад, ба худ ва аҳли оиааш бе сабаб бо назари танқидӣ нигариста, аз атрофиён канораҷӯӣ намояд, хоболуд ва хаёлӣ шуда, ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор гардад, ӯро бе назорат гузоштан лозим нест, зеро ин нишонаҳо аз хуруҷи бемории рӯҳӣ дарак медиҳанд.
Чӣ бояд кард?
Табибон тавсия медиҳанд, ки дар моҳи апрел нисбат ба дигар моҳҳо як соат пештар аз вақти муқаррарӣ хоб равед. Рӯзона бештари вақти худро дар берун гузаронида, аз ҳавои тоза нафас кашед ва машқ кунед. Агар хастагии рӯҳию равонӣ (хроническая усталость) дошта бошед, беҳтараш як ҳафта аз кор ҷавоб гирифта, танҳо истироҳат кунед.
3. Шамолкашӣ ва зуком
Ҳавои тағйирёбанда, иммунитети заиф ва ҳатто тамоси кӯтоҳ бо шахси бемор дар берун ё дар нақлиёти ҷамъиятӣ – ҳамаи ин барои бемориҳои сироятӣ ва роҳи нафас дар фасли баҳор шароити мусоид фароҳам меоранд. Аз ҳамин сабаб одамон дар моҳи апрел бештар ба зӯком гирифтор мегарданд ё шамол кашида, бемор мешаванд.
Чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама ба гигиенаи шахсӣ риоя намоед. Вақте аз кӯча ба хона медароед, ҳатман дастонатонро бо собун бишӯед. Хонаатонро ҳар рӯз ҷорӯб зада, бо латтаи намнок тоза кунед ва равзанаи тирезаро кушода монед, то ҳавои хона тоза шавад. Дар ёд дошта бошед, ки ҳамагӣ 5 дақиқа кушодани тиреза метавонад консентратсияи микробҳоро дар ҳаво ба таври назаррас коҳиш диҳад.
4. Аллергия
Аллергия яке аз бемориҳои маъмултарини баҳорӣ мебошад. Аксуламали бадан ба гардолудшавӣ, ки онро бо забони тиббӣ “Поллиноз” меноманд, дар ин давра бештар одамонро азият медиҳад. Тақрибан 100 гиёҳ метавонанд боиси аллергия гарданд, аз ҳамин сабаб шумораи гирифторони беморӣ низ сол то сол меафзояд.
Чӣ бояд кард?
Муолиҷаи аллергия хеле душвор аст, бинобар ин, табибон тавсия медиҳанд, ки то соати 11 аз хона берун нашавед. Дар ҳавои офтобӣ ва шамол рӯйпӯшҳои тар ё пардаҳои докагиро дар тирезаҳо овезон намуда, онҳоро зуд-зуд иваз кунед, то ки гарди гулу дарахтон аз он нагузарад.
5. Бемориҳои пӯст
Аксарият дар фасли баҳор аз пайдо шудани ҳар хел ярачаҳо дар дасту пой ва доғ задани рӯяшон шикоят мекунанд. Бояд гуфт, ки дар моҳи апрел натанҳо дар рӯйи наврасону ҷавонон, балки дар занони 20-40-сола низ наракҳои зиёде баромада метавонанд. Албатта ин бесабаб нест. Мушкилот дар он аст, ки бинобар таҷдиди сохтори бадан таҳти таъсири омилҳои мавсимӣ, ғадудҳои равғанбарор кори худро дуруст анҷом дода наметавонанд.
Чӣ бояд кард?
Барои пешгирии мушкилоти пӯст табибон истеъмоли витаминҳоро тавсия медиҳанд. Дар сурати пайдо шудани экзема ва дигар захмҳое, ки чирку зардоб доранд ё хоришу сӯзиш мекунанд, ба табибони дерматолог муроҷиат намудан лозим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ