Наврӯз дар Маскав. Шабнам, Ҷонибек ва Парвиз 12 ҳазор тоҷикро муттаҳид карданд
5 апрел дар яке аз бузургтарин толорҳои консертии пойтахти Русия – Live Arena Наврӯзи тоҷикони муқими Федератсияи Русия бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ҷашнвораи мазкурро ҳузури ситораҳои эстрадаи тоҷик – Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов ва Парвиз Назаров шукуҳу шаҳомати хоса бахшид. Ин чорабинии фарҳангӣ, ки ба истиқболи баҳор ва эҳёи табиат бахшида шуда буд, на танҳо як консерт, балки як намоиши зиндаи фарҳанг, ҳунар ва ҳувияти миллӣ гардид.
Муҳити тоҷикона
Толори Live Arena, ки барои 12 ҳазор мухлис пешбинӣ шудааст, пур аз меҳмонон – тоҷикони муқими Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия, инчунин дӯстдорони фарҳанги тоҷик буд. Парчамҳои рангоранг, ороишоти суннатӣ, либосҳои миллӣ ва фазои гарм, ҳама аз фарорасии Наврӯз иди бостонии мардуми форсизабон мужда медоданд.
Барномаи гала-консерт бо иштироки беҳтарин ҳунармандони тоҷик баргузор шуд. Садои мусиқии зинда, рақсу сурудҳои миллӣ, саҳнаҳои театрикунонидашуда ва намоиши либосҳои анъанавӣ фазои толорро ба як гӯшаи Тоҷикистон табдил доданд.
Аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум буд, ки меҳмонон дар ин шом на танҳо консерт диданд, балки худро дар муҳити фарҳангии тоҷикона эҳсос карданд. Ҳар як суруд, ҳар як ҳаракати раққосон ва ҳар як саҳна бо эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва фарҳанги миллӣ иҷро мешуд.


Шабнами Сурайё: Худро хушбахттарин эҳсосмекунам!
Яке аз ситораҳои асосии ин шаб Шабнами Сурайё буд, ки бо сурудҳои рангини худ саҳнаро ба қавле “тарконид”. Шабнам ин шом куртаи чакан дар бар дошт ва аз саҳна мегуфт:
“Ман худро хушбахттарин инсон эҳсос мекунам, ки ба дидори Шумо расидам!”
Ҳазорон нафар мухлисони Шабнам дар шабкаҳои иҷтимоӣ навори сурудхонии ӯро нашр ва муҳббати худро ба ӯ изҳор мекарданд. Ин консерт бори диагр собит кард, ки Шабнам ситораи №1-и Тоҷикистон аст.
Шабнам аз маъруфтарин сарояндагони попи тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабки хоси худ ва овози пурэҳсос дили ҳазорон мухлисро тасхир кардааст.
Шабнам фаъолияти худро аз наврасӣ оғоз намуда, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи саҳна табдил ёфт. Сурудҳои ӯ бештар дар бораи муҳаббат, зиндагӣ ва эҳсосоти занона мебошанд.

Ҷонибек Муродов: Кӯҳи сарбаландам!
Ҷонибек Муродов – ситораи пурҷилои ин консерт буд, ки баромадашро бо суруди тозаэҷоди машҳуршудааш: “Ман тоҷикам!” оғоз кард. Тамоми мухлисон рост истода ин сурудро дар баробари Ҷонибек месароиданд, ки ин баёнгари иттиҳоди тоҷикони Русия буд.
Ҷонибек бо сабки нодири худ анъана ва муосириятро ба ҳам мепайвандад. Сурудҳои Ҷонибек бо истифода аз унсурҳои мусиқии классикӣ ва миллӣ, инчунин аранжировкаи муосир, барои шунавандагон ҷолиб мебошанд. Дар ин шаб ӯ бо иҷрои зинда ва иштироки фаъолонаи тамошобинон фазои гарм ва самимӣ эҷод кард.
Парвиз Назаров: Афсона дар саҳна!
Ҳузури Парвиз Назаров, яке аз сарояндагони маъруфи мусиқии попи тоҷик, ба консерт шукӯҳи хос бахшид. Ӯ аз солҳои 90-ум ба ин сӯ дар саҳна фаъолият дошта, бо садои хос ва услуби фарқкунандаи худ маъруф аст. Вақте Парвиз месароид мухлисонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳунарнамоии ӯро нашр карда менавиштанд: “Садои афсонавӣ!” ва ин бесабаб нест. Воқеан, Парвиз садои афсонавӣ дорад.
Сурудҳои Парвиз Назаров барои чанд насл шинос ва дӯстдоштаанд. Дар ин шаб, иҷрои ӯ ҳисси носталгия ва ҳамзамон шодии беандоза ба тамошобинон бахшид.
Фахриддин Ҳакимов: Ин саҳна ба ман ифтихор бахшид
Сарояндаи дигар ин консерт ҳунарманди ҷавон Фахриддин Ҳакимов буд, ки яке аз сарояндагони номошнои тоҷик аст. Фахриддин асосан дар жанри эстрада фаъолият намуда, бештар дар Русия маҳбубият пайдо кардааст.
Ӯ дар озмунҳои мухталиф Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
Фахриддин аз ин консерт наворе нашр карда гуфт: “Ифтихор мекунам, ки дар ин саҳна ҳастам.”
Дар навори дигар ӯ бо навори якҷоя бо Ҷонибек Муродов нашр карда навишт: “Ҷонибек ифтихори санъати тоҷик! Мефахрам, ки дар як саҳна ба ӯ баромад мекунам”
Ҳамчунин, дар ин консерт раққосаҳои тоҷик фазоро боз ҳам бошукуҳ намуданд.
Аслишо Акимбеков: Бо тоҷик будан бояд ифтихор кунем!
Дар пасманзари чунин як чорабинии бузург, нақши ташкилкунандаи он Аслишо Акимбеков хеле муҳим аст. Аслишоро дар Тоҷикистон ҳамчун ровӣ хуб мешиносанд. Саолҳои охир ӯ дар Русия зиндагӣ мекунад ва яке аз фаъолони соҳаи фарҳанг ва ташкили чорабиниҳои диаспораи тоҷикон дар Русия ба шумор меравад.
Аслишо Акимбеков дар солҳои охир як қатор барномаҳои фарҳангӣ ва консертҳои бузургро дар Маскав ва дигар шаҳрҳо роҳандозӣ кардааст. Ҳадафи асосии ӯ муаррифии фарҳанги тоҷикӣ дар хориҷ ва муттаҳид сохтани тоҷикони муқим мебошад.
Аслишо мегӯяд, ки Наврӯз ҳамчун иди бостонӣ рамзи эҳё, поксозӣ ва оғози нав аст. Барои тоҷикони муқими хориҷ, ин ҷашн на танҳо як анъана, балки як василаи нигоҳдории ҳувият ва фарҳанг мебошад.
“Чунин чорабиниҳо ба насли ҷавон имконият медиҳанд, ки бо решаҳои худ ошно шаванд ва фарҳанги аҷдодиро эҳтиром намоянд. Ҳамзамон, барои намояндагони дигар миллатҳо низ ин як фурсати нодир барои шиносоӣ бо фарҳанги тоҷик аст” – мегӯяд ӯ.
Бахтовар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ