Музокироти таърихии Эрону Амрико. Чеҳраҳо, чолишҳо ва дурнамо

Имрӯз таваҷҷуҳи ҷаҳон ба як нуқта – ба шаҳри Исломобод, пойтахти Ҷумҳурии исломии Покистон равона шудааст. Қарор аст, ки баъ аз чанд соат намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сари мизи музокирот нишинанд. Музокироте, ки метавонад оғози як марҳилаи нав дар сиёсати байналмилалӣ бошад.

Даъвати Шаҳбоз Шариф ва нақши Чин

Аз замони Инқилоби исломии Эрон то имрӯз, равобити Теҳрону Вашингтон бо бӯҳрон, таҳрим ва муқобилият ҳамроҳ буд. Ҳатто созиши ҳастаии соли 2015 натавонист ин чолишро пешгирӣ кунад.

Ҳоло, пас аз як давраи 40-рӯзаи даргирӣ ва эълони оташбаси дуҳафтаина, ҷонибҳо ба музокироти мустақим розӣ шудаанд. Ин оташбас бо миёнҷигарии нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва бо нақши ғайримустақими Чин ба даст омадааст.

Чаро Исломобод?

Интихоби Исломобод ҳамчун макони музокирот тасодуфӣ нест. Покистон дар солҳои охир талош кардааст, ки худро ҳамчун миёнҷигари қобили эътимод дар минтақа муаррифӣ кунад. Муносибатҳои нисбатан хуби Исломобод ҳам бо Теҳрон ва ҳам бо Вашингтон ба он имкон додааст, ки чунин нақши ҳассосро бар дӯш гирад.

Ҳайати Эрон 

Ҳарчанд мақомоти расмии Эрон то ҳол ҳайати худро пурра эълон накардаанд, аммо маълумоти расонаҳо нишон медиҳад, ки ду чеҳраи калидӣ роҳбарии музокиротро бар уҳда доранд. Яке раиси Парлумони Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф дигаре Вазири умури хориҷӣ Аббоси Ароқчӣ.

Қолибоф яке аз чеҳраҳои пурнуфузи Эрон аст. Фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, раиси пешини пулис, шаҳрдори Теҳрон ва имрӯз раиси парлумон мебошад.

Ҳузури Қолибоф дар ҳайати музокирот паёми равшан дорад. Теҳрон мехоҳад итминон диҳад, ки ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, бахусус Сипоҳ, аз раванди музокирот канор нестанд. Ин масъала барои Амрико низ муҳим аст, зеро бисёре аз қарорҳои калидӣ дар Эрон бе ризоияти ин ниҳодҳо қабул намешаванд.

Дар канори Қолибоф, номи Аббос Ароқчӣ ҳамчун дипломати калидӣ зикр мешавад. Ӯ яке аз муҳандисони аслии созиши ҳастаии соли 2015 буд ва таҷрибаи васеъ дар музокирот бо Ғарб дорад.

Ароқчӣ дар миёни коршиносон ҳамчун шахси “ором, устувор ва дақиқ” маъруф аст. Ӯ ҳам дар дохили Эрон эътибор дорад ва ҳам дар Ғарб ҳамчун шарики боэътимоди гуфтугӯ шинохта мешавад.

Ҳайати Амрико

Ҳайати Амрико аз се нафар иборат аст. Инҳо нафароне ҳастанд, ки аз олами тиҷорат ва сиёсат омадаанд, на дипломатияи классикӣ.

Ҷей Ди Вэнс, ноиби президенти Амрико, баландтарин мақом дар ҳайати Вашингтон аст. Ӯ аз мухолифони ҷангҳои дарозмуддат ба шумор меравад ва ба гуфтугӯ ҳамчун роҳи ҳалли буҳрон бовар дорад.

Ба гуфтаи баъзе манобеъ, худи ҷониби Эрон хостааст, ки маҳз Вэнс дар музокирот иштирок кунад. Ин метавонад нишонаи он бошад, ки Теҳрон дар ҷустуҷӯи як шарики нисбатан мӯътадил дар дохили ҳукумати Амрико аст.

Стив Уиткофф намояндаи вижаи президент дар умури Ховари Миёна аст. Ӯ соҳибкори муваффақ ва аз дӯстони наздики Доналд Трамп мебошад. Гарчанде таҷрибаи дипломатии ӯ зиёд нест, аммо нафари наздик ва боваринокиа Доналд Трамп мебошад.

Ҷаред Кушнер, домоди Трамп, яке аз чеҳраҳои таъсиргузор дар сиёсати хориҷии давраи қаблии ӯ буд. Ӯ дар ташаккули Созишномаҳои Иброҳим нақши калидӣ дошт.

Ҳузури Кушнер нишон медиҳад, ки Амрико мехоҳад таҷрибаи музокироти минтақавиро ба ин раванди ҳассос ворид кунад.

Дурнамо

Коршиносон бар онанд, ки ин музокирот ҳам имконият ва ҳам хатар аст. Аз як тараф, ҳузури чеҳраҳои пурнуфуз метавонад роҳи созишро ҳамвор кунад. Аз ҷониби дигар, фарқиятҳои амиқи сиёсӣ ва беэътимодии таърихӣ монеаи ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Бо вуҷуди ин, худи воқеияти нишасти мустақим, баъд аз даҳсолаҳо, як пешрафти муҳим ба ҳисоб меравад. Агар ин раванд идома ёбад, мумкин аст мо шоҳиди тағйири як парадигма дар муносибатҳои байналмилалӣ шавем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *