Талаби додситонҳои Туркия барои Нетаняҳу ва дигар мақомдорони Исроил

Дар Туркия як гурӯҳ додситонҳо талаб кардаанд, ки алайҳи сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва бархе аз мақомоти дигари исроилӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шавад.

Онҳо ба иттиҳомҳое чун:
▪️ ҷиноят алайҳи башарият
▪️ наслкушӣ
▪️ муносибати бераҳмона
▪️ расонидани зарари ҷиддӣ
дар робита ба рӯйдодҳои Ғазза ишора мекунанд.

Дар ин бора рӯзномаи “Ҳуррият” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки маҷмӯи ҳукмҳои эҳтимолӣ метавонад ба ҳазорҳо сол зиндон (то 4596 сол) баробар шавад, аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки чунин рақам бештар рамзӣ буда, дар амал ба ҳабси абад табдил меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *