Нозир Ёдгорӣ: Вуҷуди ман барои дилнавозист…
Муаррифӣ
Нозир Ёдгорӣ – нависанда, шоир ва журналисти тоҷик. Узви Иттифоқи журналистон ва нависандагони ҶТ. Барандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ. Дар нашрияҳои “Роҳи ленинӣ”, “Адабиёт ва санъат”, «Тоҷикистони советӣ» (“Ҷумҳурият”) кор кардааст. Аз соли 2000-ум то соли 2026 сардори Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» буд. Муаллифи маҷмӯаҳои қисса, ҳикояҳо ва очеркҳои “Лаҳзаи тулуъ” (1986), ”Рӯ ба рӯшноӣ” (1988), “Садди оташ” (1994), “Бӯсаи мор” (2002) , «Бори вазнин, роҳи дароз» (2010), «Роғун – ҳамкори офтоб» (2010), «Нурафзо» (2011), «Дар талоши нур» (2016), «Бо симхати нур» (2019), «Дар радифи офтоб» (2020), «Ваҳдати моро шаҳодатнома дод» (2020), «Корнамоӣ дар марзи номус» (2020), «Ҳафтранг» (2021), «Нигоҳи гарм» (2022), «Эй, Кадучӣ!…» (2023), «Офтоби беғуруб» (2024), «Бо ҷодаи нур» (2024), «Дарахти муҳаббат» (2025), «Гавҳари чашми миллат» (2026), «Сӯзанбарг» (2026) ва ғайра.

– Соли сипаригашта барои китоби «Офтоби беғуруб»-атон, ки фарогири қиссаҳо, ҳикояҳо ва очеркҳо мебошад, ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор гаштед. Ҷоиза ба эҷодкор чӣ медиҳад – илҳом ё масъулият?
– Албатта илҳом, он неруи нави эҷодӣ ҳам ном дорад. Гумон мекунам эҷодкор ҳама вақт ба дастгириву қадршиносӣ ниёз дорад, мехоҳад, ки ба асари эҷоднамудаи ӯ, ҳатто он агар лавҳае ё дубайтие бошад, таваҷҷуҳ намоянд, баҳо диҳанд.
– Устод, ба назари шумо нависандагӣ чӣ шуғлест?
– Нависандагӣ, вақте ҳоло шумо нависанда нестед ва акнун орзуи нависанда шудан доред, шуҳрату обрӯст. Вале вақте ҳақиқатан нависанда шудед, баъд мефаҳмед, ки ин чӣ бори вазнин ва чӣ масъулияти бузурге будааст. Ҳар кас ин бори вазнинро бардошта наметавонад; ё аз ин роҳ бероҳа мешавад, ё то охири умр ин борро мекашад.
– Шумо дар ду шохаи адабиёт – назму наср асар асар эҷод мекунад. Дар вуҷуди шумо ин ҳарду рақобате доранд?
– Ман нависандаам. Ҳамчун нависанда ба майдони адабиёт ворид шудаам. Худамро ягон бор шоир нагуфтаам ва намегӯям. Вале назмро дӯст медорам. Лаҳзае, ки ба гуфти устод Лоиқ, дар худу дар шаҳр, дар худу дар шаҳр чӣ – дар даҳр намегунҷам, чанд мисрае менависам, диламро холӣ мекунам. Барои шеър навиштан худамро асло маҷбур намекунам. Роҳи ман аз хона то кор дароз аст, қариб чил дақиқа ва аксар шеърҳои худро ҳангоми тай кардани ҳамин роҳ, дар автобус, дар телефонам менависам. Ё, гоҳе нимашабӣ бедор мешаваму дигар хобам намебарад, ба ҷои пушту паҳлу гаштан ноутбукро мекушояму ягон дубайтӣ, ки мавзуъ ва мисраҳои аввали он кайҳо боз дар хаёл чарх зада, «азоб»-ам дода истодаанд, менависам. Агар хуб барояд, даррав дар “Фейсбук” мемонам, агар не, рӯзи дигар аз нав таҳрир мекунам. Ва ин шеърҳо оҳиста-оҳиста зиёд шуда истодаанд. Ба ҳамин наздикиҳо китоби дубайтиҳоям бо унвони «Сӯзанбарг» чоп хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, насру назм дар вуҷуди ман ягон рақобат не, балки ҳамзистии осоишта доранд ва ман онҳоро хеле дӯст медорам.
– Ҳар нафаре, ки ба арсаи адабиёт қадам мениҳад, ин ё он воқеа ба он сабаб мешавад. Шумо чӣ гуна пайроҳаи эҷодро интихоб кардед?
– Замони кӯдакӣ хонандаи мактаби миёна буданам, тамоми зодгоҳам – деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ аз Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Раҷаб Мардон ифтихор доштанд. Баъди хатми мактаби миёна (соли 1962) Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Раҷаб Мардон ба факултети филология ва таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) ва Ғоиб Сафарзода ба Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе дохил шуданд. Эҷоди онҳо аз давраи донишҷӯӣ дар матбуот ва радио чоп ва пахш мешуд. Вақте шеър, ҳикоя ё ягон мақолаи одии ин ашхос дар матбуот чоп мешуд ё онҳо тавассути радио баромад менамуданд, ҳама – муаллимон, аз он ки онҳоро дарс додаанд, бригадири колхоз, аз он ки онҳо дар таҳи дасти «ана, ҳамин акатон!» пахта чидаанд ва бобои Тоҳир, аз рӯи он ки «Шоҳмузаффар ҳамсояашон буд ва аз ӯи соатдор чанд будани соатро пурсида, ба мактаб дер намондааст»…, ифтихор менамуданд ва сарашон ба осмон мерасид. Ман ку, эҳа! – дар назарам меомад, ки сардафтари адабиёти тамоми дунё ҳамин бародари ман аст ва то имрӯз дар тамоми олам мисли ӯ қаламбадасте ба дунё наомадааст ва дар оянда ҳам нахоҳад омад. Ин муҳит ба ман ҳам бетаъсир намонд…
– Мегӯянд, ки матбуот мактаби бузург мебошад ва дар ин мактаб қаламбадастони зиёд сабақ гирифтаанду ба камол расидаанд. Шумо низ солҳост, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғулед. Вале Эрнест Хэмингуэй мегӯяд, ки рӯзноманигорӣ истеъдоди адибро «мекушад». Шумо ба ин чӣ назар доред?
– Агар журналистика намебуд, ман нависанда намешудам. Журналистика барои ман мактаби бузурги омӯзиши ҳаёт аст. Ҳоло ҳам дар замири ман журналистика зиндаву саломат аст ва гоҳо дар шакли очерку маводи таҳлилӣ зуҳур менамояд. Ман, то вақте ҳастам, ба журналистика содиқ мемонам.
– Оё таҳаввулоти бузурге, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми кишвари мо давоми 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба амал омаданд, дар эҷодиёти адибонамон ба таври бояду шояд инъикоси худро ёфтаанд?
– Ҳадафи асосии давлати мо таъмини зиндагии шоиста барои мардум аст. Ба ин ҳадаф расида истодаем. Ҳама медонем, ки дар солҳои истиқлол шумораи аҳолии мо беш аз ду баробар афзудааст. Худи ҳамин мефаҳмонад, ки зиндагии мо рӯз то рӯз беҳ шуда истодааст. Афзоиш, аз ҷумла афзоиши шумораи одам низ, дар ҷое сурат мегирад, ки зиндагӣ шоистаи зиндагист. Ман факту рақамҳои исботи беҳбудии зиндагиро намеорам. Инро ҳамаи мо медонем. Як-ду ҳарф дар бораи энергетика, ки ба ман наздик аст, мегӯям.
Дар Паёми имсола хушхабари лағви бебарқиро дар соли 2027 доданд. Ба ҳукми таърих вогузор намудани маҳдудияти барқ натиҷаи заҳмати чандсола, муносибати дурбинона ва сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат аст. Як худи талоши Роғунсозӣ тадбирест, ки амалӣ шудани он имконияти расидан ба истиқлоли энергетикиро барои кишвари мо муҳайё сохт. Ин муъҷиза, ҳамчун намунаи баландтарини ҷоннисории Пешвои миллат барои рушди кишвар ва сарбаландии миллат акнун натиҷа ба бор хоҳад овард.
– Шумо дар бораи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва меҳнату заҳмати Пешвои миллат дар бунёди ин иншооти сарнавиштсоз очерку мақолаҳо ва ҳатто китобҳое интишор кардаед. Алъон дар бораи “Роғун” чӣ гуфтание доред?
– Тавре дар охирин арзёбии баҳои экологӣ ва иҷтимоии НБО-и “Роғун” қайд шудааст, интизор меравад, ки охирин агрегати нерӯгоҳ соли 2029 ба истифодабарӣ дода хоҳад шуд. Дар ин сол инчунин бунёди обанбори он низ пурра ба анҷом мерасад ва соли 2036 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур мегардад. Баъди ин, аз рӯи ҳисоби мутахассисон, ин шаҳомати энергетикӣ тӯли 115 сол ба миллати тоҷик ва тамоми минтақа хидмат хоҳад кард. Вақте Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пурра ба кор медарояд, вақте иқтидори энергетикии кишвари мо нисбат ба имрӯза қариб ду баробар афзоиш меёбад, вақте Тоҷикистон нурборон мешавад, дигар дар ягон гӯшаи дили мо ва дар ягон гӯшаи кишвари мо аз торикӣ асаре намемонад. Баъди ин, албатта, аз муҳити мо охирин қувваҳои нопок, охирин «деву иблис»-ҳо низ пурра фирор менамоянд. “Роғун” ваҳдати моро боз ҳам бештар тақвият мебахшад!
Ман дар бораи “Роғун” як не, якчанд китоб навиштаам. Аз ҷумла, «Роғун – ҳамкори офтоб» (соли 2010), «Нурафзо» (соли 2011), «Дар талоши нур» (соли 2016), «Корнамоӣ дар марзи номус» (соли 2020). Ин кор идома дорад.
– Ҳоло ба эҷоди кадом асар машғулед?
– Китоби насрии «Гавҳари чашми миллат» ва дафтари дубайтиҳоямро бо номи «Сӯзанбарг» ба чопхона супурдам. «Се ҳадафи як зиндагӣ»-ро ба чоп омода сохта истодаам.
– Бештар кадом китобҳоро мутолиа мекунед?
– Ҳамин ҳозир китоби Мирзо Насриддин «Нони шарикӣ»-ро хонда истодаам.
– Байти дӯстдоштаи шумо?
Замин аз баҳри ман як ҷонамозест,
Вуҷуди ман барои дилнавозист.
Мусоҳиб: Муқимҷон АЛИШЕХОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ