Ҷанҷол дар Душанбе бо “гӯшгазӣ” анҷом ёфт
Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду нафарро бо гумони содир намудани авбошӣ ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт карданд.
Ба иттилои мақомот, Муҳаммади Раҳмони 30-сола, сокини ноҳияи Ш. Шоҳин ва Субҳонов Муҳаммади 36-сола, ки сокини шаҳри Душанбе аст рӯзи 3 апрел дар кӯчаи Хоразмӣ бо ҳам муноқиша карда, якдигарро мавриди латукуб қарор додаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷанҷол Муҳаммади Раҳмон гӯши ҷониби дигарро газида, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати ҳар ду гумонбар маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, парванда мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ