Тоҷикистон ба шабакаи ҷаҳонии донишгоҳҳои «сабз» қадами нав гузошт

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи байналмилалии UI GreenMetric ва ташаббусҳои «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Шаҳодатномаи он 15 апрели соли 2026 дар доираи маросими ифтитоҳи Саммити ректорони донишгоҳҳои сабз, ки дар чорчӯби Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устовор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор гардид, тақдим карда шуд.

Ин мукофотро роҳбари шабакаи UI GreenMetric-и Донишгоҳи Индонезия доктор Вишну Ҷувоно ба ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода супорид.

Ба даст овардани ин шаҳодатномаи байналмилалӣ нишонаи эътирофи нақши донишгоҳ дар самти тарғиби устувории экологӣ, рушди инфрасохтори «сабз» ва татбиқи ташаббусҳои муҳити зист ба ҳисоб меравад. Ин иқдом мавқеи донишгоҳро ҳамчун яке аз пешсафони ҳаракати рушди устувор дар кишвар таҳким мебахшад.

Акнун донишгоҳи мазкур ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсоз барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар доираи рейтинги ҷаҳонии “UI GreenMetric Sustainable University Rankings” фаъолият хоҳад кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳамоҳангсозии иштирок, табодули таҷриба ва татбиқи меъёрҳои байналмилалии «сабз» дар сатҳи миллӣ аз ҷониби ҳамин донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *