Бохтар: Тақдими нақлиёти муосир ба Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ
Ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар як автомашинаи ёрии таъҷилии тамғаи FOTON G7 тақдим гардид.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки нақлиёти мазкур бо дастгирии бевоситаи шаҳрдори шаҳр Абдулмаҷид Муминзод ба маркази номбурда дода шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, автомашина бо 330 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллӣ харидорӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки автомашинаи тамғаи FOTON G7 бо тамоми лавозимоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва расонидани ёрии саривақтӣ ба шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Дар маросими супоридани калиди автомашина Абдулмаҷид Муминзод таъкид намуд, ки беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бахусус ёрии таъҷилӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки техникаи нав, кӯмаки саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ