Нишони биринҷии Миҷгона Самадова ва Некрўз Салимов аз Чемпионати Осиё
Дар шаҳри Улан-Батори Муѓулистон Чемпионати бокси Осиё идома дорад, ки дар он муштзанҳои тоҷик соҳиби ду нишони биринҷӣ шуданд.
Дар рўзи нуҳуми мусобиқа рақобатҳои марҳили нимниҳоӣ баргузор шуданд, ки дар ин марҳилаи мусобиқа Тоҷикистонро Миҷгона Самадова (57 кг), Некрўз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагӣ карданд.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Тайланд Пунрави Руэнрос нерўсанҷӣ кард. Руэнроси 28-сола дорандаи нишони нуқра ва биринҷии Чемпионати ҷаҳон буда, дар Чемпионати Осиё ва Бозиҳои Осиё Нишони тило гирифтааст. Дар ин нерўсанҷӣ Миҷгона давоми се раунд муқобили Руэнрос арзанда нерўсанҷӣ карда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4:1 маѓлуб шуд ва соҳиби нишони биринҷӣ гардид. Барои Миҷгона Самадова ин дуюмин нишони биринҷӣ дар Чемпионати Осиё мебошад.
Некрўз Салимов дар вазни 80 кг дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ намояндаи Ҷопон Кай Торийаберо тариқи нокаут шикаст дода, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бар намояндаи Индонезия Майихел Роберрд Мускитаро бо ҳисоби 5:0 ѓолиб омада, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Ў дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Урдун Ҳусейн Ишаиш нерўсанҷӣ кард. Салимов бо зарбаҳои ҳадафрас се раунд муқобили муштзани урданӣ рақобат кард ва дар охири бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 пирўзӣ ба Ҳусейн Ишаиш дода шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг рақобатро дар марҳилаи нимниҳоӣ оѓоз карда, бар намояндаи Ҳиндустон Харш Чоудхари бо ҳисоби 4:1 пирўзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Финали мусобиқа рўзи 10-уми апрел доир мешавад, ки Парвиз Каримов бо намояндаи Ўзбекистон Ҳалимҷон Мамасолиев барои дарёфти унвони чемпионӣ мубориза мебарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ